Таҷлили ҷашни Рӯзи Олимпӣ дар Тоҷикистон

Душанбе. 23-юми июн. «Азия-Плюс» — | Имрӯз дар Тоҷикистон ба муносибати таҷлили ҷашни Рӯзи Олимпӣ чорабиниҳои оммавии варзишӣ баргузор мешаванд. Тавре ба рӯзноманигорон ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ Маликшо Неъматов хабар дод, чорабиниҳои варзишӣ дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар доир карда мешаванд. Ба гуфтаи намояндаи Кумитаи миллии олимпии ҶТ, чорабиниҳои асосии варзишӣ дар пойтахти […]

Ҳайдар Шодиев

Душанбе. 23-юми июн. «Азия-Плюс» — | Имрӯз дар Тоҷикистон ба муносибати таҷлили ҷашни Рӯзи Олимпӣ чорабиниҳои оммавии варзишӣ баргузор мешаванд. Тавре ба рӯзноманигорон ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ Маликшо Неъматов хабар дод, чорабиниҳои варзишӣ дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар доир карда мешаванд.

Ба гуфтаи намояндаи Кумитаи миллии олимпии ҶТ, чорабиниҳои асосии варзишӣ дар пойтахти кишвар созмон дода мешаванд. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии пойтахт мусобиқоти варзишӣ оид ба тенниси рӯи миз, волейбол, баскетбол ва самбо баргузор мегарданд. Дар кӯли Ҷавонон мусобиқаи қаиқронӣ ва дар варзишгоҳи марказӣ қувваозмоиҳо оид ба варзиши сабук, теннис ва шиноварӣ доир карда мешаванд.

Маликшо Неъматов хамчунин зикр намуд, ки ба ифтихори ин ҷашн Кумитаи миллии олимпии кишвар ба ду варзишгари маъруфи тоҷик – гурзафкан Дилшод Назаров ва дзюдочӣ Расул Боқиев ба ҳар кадоме дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ ҷудо кардааст.

Ёдрас мекунем, ки бори нахуст Бозиҳои байнулмилалии олимпӣ бо ташаббуси Пйер де Кубертен соли 1896 баргузор шуданд. Соли 1967 Кумитаи байнулмилалии олимпӣ дар бораи эълони рӯзи 23-юми июн ҳамчун Рӯзи байнулмилалии олимпӣ қарор қабул намуд. Дар Тоҷикистон шурӯъ аз соли 2009 Рӯзи олимпӣ ба таври бошукӯҳу доманадор ҷашн гирифта мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.