Ҳукми суди Бохтар нисбати айбдории собиқ вакили парлумон бекор шуд

Қӯргонтеппа. 23-юми июн. «Азия-Плюс» — | Суди вилояти Хатлон ҳукми суди ноҳияи Бохтарро, ки собиқ вакили парлумон Сайвалӣ Нуровро бо моддаи 237-и КҶ ҶТ (Авбошӣ) гунаҳкор дониста буд, бекор намуда, парвандаро  барои аз нав баррасӣ намудан ба суди шаҳри Қӯрғонтеппа ирсол намуд. Бино ба гуфти  раиси ҳайати мушовараи судии суди вилояти Хатлон Алишо Қурбонов, сабаби […]

Сайраҳмон Назриев

Қӯргонтеппа. 23-юми июн. «Азия-Плюс» — | Суди вилояти Хатлон ҳукми суди ноҳияи Бохтарро, ки собиқ вакили парлумон Сайвалӣ Нуровро

бо

моддаи 237-и КҶ ҶТ (Авбошӣ) гунаҳкор дониста буд, бекор намуда, парвандаро  барои аз нав баррасӣ намудан ба суди шаҳри Қӯрғонтеппа ирсол намуд.

Бино ба гуфти  раиси ҳайати мушовараи судии суди вилояти Хатлон Алишо Қурбонов, сабаби бекор намудани ҳукми суди ноҳияи Бохтар пурра риоя нашудани талаботи кодекси мурофиавӣ ва ба таври кофӣ мавриди омӯзиш қарор нагирифтани ҳолатҳои анҷоми амал ҳангоми баррасии парванда дар суди маҳаллӣ аст. «Аз ин рӯ, парванда барои баррасии дубора ба суди шаҳри Қӯрғонтеппа фиристода шуд», – гуфт А.Қурбонов.

Дар ҳамин ҳол, раиси суди шаҳри Қӯрғонтеппа Темур Боев мегӯяд, воқеъан суди вилояти Хатлон парвандаи собиқ вакили парлумон Сайвалӣ Нуровро ҷиҳати баррасии такрорӣ ирсол намудаааст. «Парванда бояд рӯзҳои наздик мавриди баррасӣ қарор мегирифт, вале Суди Олии кишвар бо истифода аз салоҳияти худ ин парвандаро талаб карда гирифт, то сабаби бекор намудани ҳукми суди Бохтарро биомӯзад», – иброз дошт номбурда. 

Бояд ёдовар шуд, ки прокуратураи вилояти Хатлон баъди ҷаласаи аввали парлумони тозатаъин, ки бо он ваколати вакилии С. Нуров ба анҷом расид, нисбати ӯ  бо се моддаи КҶ ҶТ – 112 (Расонидани зарари сабуки ҷисмонӣ), 150 (Монеъ шудан ба фаъолияти комиссияи интихоботӣ) ва 237, қисми 2 (Авбошӣ) айб эълон карда буд. 

Сабаби оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати С.Нуров, номзад ба вакили Маҷлиси намояндагон дар моҳи феврали соли 2010 аз тариқи худпешбарӣ, аризаи шикоятии раиси участкаи интихоботии №32-и ноҳияи Вахш Толиб Хӯҷаназаров аст. Хӯҷаназаров дар аризаи худ шикоят карда буд, ки номзад ба вакили Маҷлиси намояндагон С.Нуров рӯзи интихобот дар ҳузури аъзоёни участкаи интихоботӣ ва даҳҳо нафар интихобкунандагон ӯро мавриди латукӯб қарор додаст.

Худи С.Нуров баъди шикояти Т.Хӯҷаназаров зимни як сӯҳбаташ бо хабарнигорон ин даъвои раиси участкаи интихоботиро бепоя арзёбӣ карда буд.

 «Ин як дасисаест, ки аз тарафи бадхоҳони ман эҷод карда шудааст. Вақте ман ба участкаи интихоботӣ омадам, қонуншиканиҳои зиёдеро мушоҳида кардам ва аз раиси участкаи интихоботӣ талаб кардам, ки ба ин қонуншиканиҳо хотима бахшад» – илова карда буд С.Нуров.

Зимни як нишасти матбуотӣ дар прокуратураи вилояти Хатлон хабар дода шуд, ки парвандаи ҷиноӣ нисбати С.Нуров аз тарафи суди шаҳри Қӯрғонтеппа баррасӣ шуда, суд бо ҳукми худ С.Нуровро сафед кардааст. Прокуратураи вилояти Хатлон аз болои ҳукми суди шаҳри Қӯрғонтеппа ба суди вилояти Хатлон шикоят бурд, ки дар натиҷа суди вилояти Хатлон ҳукми суди шаҳри Қӯрғонтеппаро бекор карда, парвандаро барои баррасии дубора ба суди ноҳияи Бохтар фиристод. Суди ноҳияи Бохтар парвандаро мавриди баррасӣ қарор дода, С.Нуровро бо моддаи 237, қисми 2 банди «б»-и КҶ ҶТ ( Авбошӣ) гунаҳкор дониста, ӯро ба андозаи 500 нишондод барои ҳисоб ҷарима кард.

Сайвалӣ Нуров низ дар навбати худ бо ҳукми суди ноҳияи Бохтар розӣ нашуда, аз болои ҳукми суди ноҳияи Бохтар ба суди вилояти Хатлон шикоят бурд.

Собиқ вакили парлумон зимни як сӯҳбати телефонӣ бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аз шарҳи ҳолати баамаломада худдорӣ намуд. Ӯ афзуд: «Ҳоло маълум нест, тақдири парванда чӣ мешавад, аз ин хотир чизе гуфта наметавонам. Вақте ки масъала пурра ҳалли худро ёбад, он гоҳ омодаам бо Шумо сӯҳбат намоям». 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.