Даъвати муҳофизони дифоъ аз ҳуқуқ перомуни пайвастан ба маъракаи алайҳи шиканҷа

Date:

Душанбе. 24-уми июн. «Азия-Плюс» — | Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи Тоҷикистон перомуни пайвастан ба маъракаи байнулмилалӣ оид ба манъи пурраи шиканҷа ва кирдори золимона даъват ба амал оварданд.

Даъвати мазкур имрӯз, 24-уми июн, дар изҳороти муштараки се созмони дифоъ аз ҳуқуқ – роҳбарони Хазинаи ҷамъиятии «Нотабене» Нигина Баҳриева, Маркази дифоъ аз ҳуқуқи инсон Нурмаҳмад Халилов ва Маркази мустақили дифоъ аз ҳуқуқи инсон Сергей Романов садо дод.

«Манъи пурраи истифода аз шиканҷа таҳти хатар қарор дорад ва афкори ҷомеа то ҳанӯз бо ин созгор аст. Сарфи назар намудани меъёрҳои банулмилалӣ инкори арзишҳои инсонӣ аст», – гуфта мешавад дар изҳорот.

Дар идома намояндагони созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсони Тоҷикистон хабар медиҳанд, ки бо тавсияи Шӯрои Иқтисодӣ ва Иҷтимоӣ Маҷмаъи кулл санаи 26-уми июнро Рӯзи байнулмилалии СММ оид ба дастгирии ҷабрдидагон аз шиканҷа эълон кард. Чорабиниҳои ин рӯз бо мақсади решакан кардани истифодаи шиканҷа ва таъмини амали пурсамари Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намуд кирдори золимона ва ғайриинсонии шаъну шарафи одамонро пастзананда ва муҷозот гузаронида мешавад.

Соли 2010 Созмони умумиҷаҳонии зидди шиканҷа роҳандозии маъракаи дастёбӣ ба манъи пурраи шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро оғоз кард. Феълан дар саросари ҷаҳон  Манифести Созмони умумиҷаҳонии зидди шиканҷа таҳти унвони «Дар ягон ҳолат чизе барои истифодаи шиканҷа баҳона шуда наметавонад»»-ро 2321 созмонҳову шахсони алоҳида, аз ҷумла дорандагони ҷойизаи Нобел Марти Ахтисаари, Кофи Аннан, Жан-Мари Гюстав Ле Клезио, Ригоберта Менчу, Хосе Рамос Орта, Адольфо Перес Эскивель, Ҷозеф Стиглий, Десмонд Туту ва Ҷимми Картер ба имзо расонидаанд. Аз ҷумла, Кофи Аннан ва Сандрин Салерно, мири шаҳри Женева, Манифестро расман 23-юми июни соли 2010 ба имзо расониданд, то ки оғози маъракаи байнулмилалилиро эълон дошта, ба ҳар яке аз хатари ҷомеаи созгори чунин падида ҳушдор диҳанд. «Мо аз Шумо ҳамчунин даъват ба амал меоварем, ки ба маърака пайваста, бо имзои Манифест ҳамраъйии худро дар мубориза бар зидди истифода шиканҷа ва аз ҷазо канор мондан дар Тоҷикистон изҳор намоед», – зикр кардаанд муаллифони изҳорот.


Манифести «Дар ягон ҳолат чизе барои истифодаи шиканҷа баҳона шуда наметавонад»

Роҷеъ ба огоҳии Созмони байналмилалии зидди шиканҷа дар бораи он, ки шумораи зиёди ҳукуматҳо ба шиканҷа роҳ дода, аҳли ҷомеаи кишварҳо, эҳтимол, ба чунин таҷриба бепарво мебошанд, мо изҳор медорем, ки эҳтироми шаъну шарафи одам чунин маъно дорад, ки шиканҷа бояд дар ҳамаи ҳолатҳо манъ карда шавад.

Мо медонем, ки шиканҷа ҳамеша васеъ истифода мешуд, вале умед доштем, ки 146 давлати иштирокчии Конвенцияи зидди шиканҷа ва дигар намуд кирдори золимона ва ғайриинсонии шаъну шарафи одамонро пастзананда ва муҷозот тибқи ўҳдадориҳояшон ба несту нобуд шудани ҳолатҳои шиканҷа мусоидат менамоянд. Лекин имрӯз аён аст, ки аксар ҳукуматҳои Шимол ва Ҷануби курраи замин аз шиканҷа як андоза хавф дошта, истифодаи онро то ҳол онҳо инкор ё пинҳон мекунанд.

Даъвои баъзе ҳукуматҳо дар бораи хусусиятҳои фарҳангӣ далелеро рад месозад, ки баъзе арзишҳои ахлоқӣ фаромиллӣ мебошанд ва андешаеро мавриди баҳс қарор медиҳанд, ки ҳуқуқҳои башар дар ҳамаи кишварҳо як хел мебошанд. Талаботи рушд боиси он мегардад, ки мо ба хотири ба даст овардани муваффақияти иқтисодӣ, ки нисбат ба ҳимояи ҳуқуқҳои шахс пурарзиштар дониста мешавад, аз озодиҳоямон даст кашем.

Ниҳоят амният, ки ҳамчун арзиши волотарин дониста мешавад, барои иҷро накардани ўҳдадориҳо ба ҳайси баҳона хизмат мекунад.

Мо ҳайронем, ки аксар қурбониёни шиканҷа камбизоатон мебошанд, ки ҳуқуқи иҷтимоиву иқтисодии онҳо вайрон карда шудаанд. Агар онҳо эътироз намоянд, он гоҳ онҳо ва касоне, ки онҳоро ҳимоя менамоянд, гирифтори шиканҷаю зўроварӣ мешаванд ва ё тамоман нобуд карда мешаванд. Эътирозҳои иҷтимоӣ ҷиноятолуда шуда, вусъат меёбанд ва ҷараёни рушдро ба асрҳо қафо мекашанд.

Мо нозукиҳои ҳуқуқию техникиро, ки як намуди зўровариро ҳамчун шиканҷа ва дигарашро ҳамчун «фишори қонунӣ» эълон доштаанд, рад менамоем. Шиканҷадиҳанда бо роҳи ба одам барқасдона расонидани дард ё азобу шиканҷаи равонию рўҳонӣ кўшиш мекунад, ки ўро барои ошкор намудани ягон асрор ё хомўш истодан маҷбур созад. Шаъну шарафи ӯро паст занад, таҳқир кунад, ё дар вуҷуди ў тарсу бимро ҷо созад. Мо ҳукуматҳоеро, ки ба гурўҳҳои мусаллаҳ, баталёнҳои марг ё ҷангиён имконияти амал кардан медиҳанд, ё он давлатҳоеро, ки ба ҳокимияти полис имконияти аз мақомашон сўиистифода кардан медиҳанд, маҳкум менамоем. Ҳукумат ва мақомоти судиро зарур аст,  ки ин қонунро на танҳо ба мардум расонанд, балки дар фаъолити ҳаррўзаи худ онро истифода баранд ва риоя намоянд.

ВАО ва афкори умум асосан барои дастгирӣ кардани ҳамин ҳукуматҳо дар ҳалли ин ё он масъала хизмат карда, агар ҳамон ҳукумат аз иҷрои ҳамаи вазифаҳояш набарояд, онро мавриди интиқод қарор медиҳанд. Мутаассифона, дар даҳсолаи охир пешвоёни афкори умум, ки бояд ба риоя шудани ҳуқуқҳои инсон мусоидат намоянд, ба хотири «реализм ва ба мақсад мувофиқ будан», ба таҷрибаи баробари шиканҷа ва муносибати дурушт таҳаммул менамоянд.

Амният, ҳуқуқуқ ба ҳаёти шоистаи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва озодии фарҳангӣ ба ҳар як узви ҷамъият тааллуқ дорад. Онро на фақат мардуми бегуноҳ, ки шаъну шараф ва озодиашон аз ҷониби давлат ҳимоя карда мешаванд ва онҳое, ки риояи мавҷудияти ҳастии ҷисмонӣ, рўҳонӣ, маънавиашон кафолат дода мешавад интизоранд, балки ҷиноятккороне 2 низ интизоранд, ки баровардани ҳукмашонро аз ҷониби судҳои мустақил, ки муҷозот тибқи қонун муайян карда мешавад. Ин ҳуқуқҳоро инчунин пулис ва мақомоти судӣ, ки ба ўҳдадориҳояшон бунёди ҷамъияти бехавф бо чунин воситаҳо, ки мутобиқи касби онҳоянд, дороянд. Ин ҳуқуқҳоро ҳамчунин қурбониёне доро мебошанд, ки бояд барои таъмини адолати судӣ дар талаботи худ қасд ва ҷубронро сарфи назар менамоянд. Ин ҳуқуқҳоро занҳо низ доро мебошанд, ки бояд эътимод дошта бошанд, ки ба онҳо низ дар зиндагии оилавӣ ва касбиашон ба монанди мардон муносибат менамоянд. Ин ҳуқуқҳо ба мардуми таҳҷоӣ ва ақалиятҳои этникӣ низ тааллуқ доранд, онҳо ҳамчунин аз ҳамон ҳуқуқҳое истифода мекунанд, ки ба тамоми аҳли башар тааллуқ доранд. Онҳо ба камбизоатон низ тааллуқ доранд, зеро мубориза барои зиндагии шоиста ҷиноят нест. Ҳуқуқҳои мазкур ба муҳоҷирон ва шахсоне, ки бо мардуми дигар кишварҳо омезиш ёфтаанд низ тааллуқ доранд ва онҳо мекўшанд амнияташонро таъмин кунанд.

Ҳуқуқҳои мазкур инчунин ба шахсоне тааллуқ доранд, ки аз ҳуқуқи инсон дифоъ мекунанд ва кўшишу талошашон қобили эътироф ва дастгирист, зеро вайрон кардани ҳар як ҳуқуқи онҳо ба ҳуқуқи қурбониён, ки зери ҳимояи онҳо мебошанд, таъсир мерасонад. Дар маҷмӯъ, ин ҳуқуқҳо ба ҷамъият пурра тааллуқ дошта, ҷамъият мўътақид аст, ҷаҳоне месозад, ки дар он ин ҳуқуқҳо ба ҳар як шахс тааллуқ доранд.

Мо дорандагони ҷоизаи Нобелӣ барои тасдиқи манъи шиканҷа ва муносибати дурушт ва ғайриинсонӣ ё ҷазои пастзанандаи шаъну шарафи одам зери ин изҳорот имзоямонро мегузорем. Рад кардан он ин маънои вайрон кардани таҳкурсии арзишҳои шаъну шарафи инсон, асоси ҳама гуна ҷамъият дар доираи волоияти қонун мебошад.

Мо таъкид менамоем, ки ин қонуни умумӣ аст ва озодӣ аз шиканҷа наметавонад аз дигар ҳуқуқҳои инсон ҷудогона баррасӣ гардад.

Мо ба пешвоёни сиёсӣ ба онҳое, ки дар қабули қонун ширкат меварзанд ва дар тамоми қитъаҳо афкори умум ба вуҷуд меоранд, муроҷиат намуда, онҳоро даъват менамоем, ки дар кори дифоъи ҳимояи ин ҳуқуқҳо ва ҳавасмандии он фаъол ва ҳушёр бошанд.

Мо аз мақомоти судӣ даъват ба амал меорем, ки қонунро бо назардошти ўҳдадориҳо доир ба ҳимояи ҷабрдидагон, новобаста аз кӣ будан, эътиқод ва ҳаракатҳои онҳо, ба пуррагӣ риоя намоянд.

Мо ба хотири огоҳ сохтани аҳли ҷомеа дар бораи он ки шиканҷа инкори шаъну шарафи инсон буда, он ба тамоми аҳли башар дахолат мекунад, чорабиниеро дастгирӣ менамоем, ки ОМСТ унвон дорад.


Женева, Нйю‐Йорк, моҳи марти соли 2010

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related