Душанбе. 31-уми май. «Азия-Плюс» — | Дар моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ аз ҳама бештар сокинони шаҳри Кӯлобу ноҳияи Данғара аз пардохти маблағи истифодаи барқ қарздор шудаанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» хабар доданд, дар зарфи чаҳор моҳи соли равон сокинони шаҳри Кӯлоб ҳамагӣ каме бештар аз нисфи маблағи истифодаи барқ ва аҳолии ноҳияи Данғара 56% аз ҳаҷми умумии онро пардохт кардаанд. «Дар ин давра сокинони ноҳияи Рашт аз ҳамаи шаҳру навоҳӣ зиёдтар – 92%-и маблағи истифодаи барқро пардохтанд», – гуфтанд дар ширкат.
Бино ба маълумоти ширкати мазкур, ҳаҷми маблағи пардохтаи аҳолии муқими шаҳри Душанбе барои истифодаи нерӯи барқ дар ин давра 72,7%-ро ташкил медиҳад. «Дар маҷмӯъ, дар ин давра аҳолии ҷумҳурӣ аз ҳаҷми умумӣ 67,9-и маблағи истифодаи барқро пардохт кард», – афзуд сарчашма.
Ёдрас мекунем, ки айни замон тарофаҳои пардохти маблағи истифодаи барқ барои аҳолӣ бо назардошти ААИ, ба ҷуз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки низоми энергетикии автономии ҷудо аз ширкати «Барқи тоҷик»-ро доро аст, 9 дирам барои 1 кВт/соатро ташкил медиҳанд.