Триполи эътирофи иҷозатномаи ҳабси Қаззофиро рад кард

Душанбе. 28-уми июн. «Азия-Плюс» — | Триполии расмӣ иҷозатномаи пешниҳоднамудаи Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ дар хусуси ҳабси Муаммар Қаззофиро рад намуд. Бино ба иттилои «Ал-Ҷазира», вазири адлияи Либи Муҳаммал-ал-Гамудӣ дар робита ба ин масъала гуфтааст, «Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ «як воситаест дар ихтиёри Ғарб барои таъқиби пешвоёни ҷаҳони севум» ва Либия қарорҳои онро эътироф карданӣ нест. «Қаззофӣ […]

Asia-Plus


Душанбе. 28-уми июн. «Азия-Плюс» — | Триполии расмӣ иҷозатномаи пешниҳоднамудаи Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ дар хусуси ҳабси Муаммар Қаззофиро рад намуд.

Бино ба иттилои «Ал-Ҷазира», вазири адлияи Либи Муҳаммал-ал-Гамудӣ дар робита ба ин масъала гуфтааст, «Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ «як воситаест дар ихтиёри Ғарб барои таъқиби пешвоёни ҷаҳони севум» ва Либия қарорҳои онро эътироф карданӣ нест. «Қаззофӣ ва писари ӯ – Сайф ул-Ислом, ки ба ӯ низ иҷозатномаи ҳабс дода шудааст, дар ҳукумати кишвар мансабҳои расмиро ишғол намекунанд, ва аз ин рӯ, бо айбҳои ба онҳо нисбатдода ҳеҷ робитае надоранд», – изҳор доштааст ӯ.

Хабаргузории РИА «Новости» менависад, дар изҳороти вазорати адлияи Либия зикр шудааст, ки ин кишвар Созмони аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО)-ро барои кӯшишҳои ҷисман нобуд сохтани Муаамар Қаззофӣ ва аҳли оилаи ӯ ба додгоҳҳои байнулмилалӣ хоҳад кашид. «Чунин амалҳои НАТО «ҷинояти низомӣ» маҳсуб меёбанд ва бояд дар Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ баррасӣ шаванд», – омадааст дар изҳорот.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Пешниҳоди Қазоқистон ба Тоҷикистон барои содироти бештари ғалла

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.