Садамаи нақлиёт дар Кӯҳистони Мастчоҳ ҷони 4 нафарро рабуд

Душанбе. 29-уми июн. «Азия-Плюс» — | Бар асари садамаи нақлиёт дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ чаҳор нафар ба ҳалокат расида, боз як нафари дигар ҷароҳат бардошт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар доданд, дар роҳи мошингарди миёни деҳаҳои Палдорак ва Оббурдон ронандаи автомашинаи ВАЗ-2121, сокини 36-солаи ҳамин ноҳия Муҳиддин Ғафуров аз […]

Мавлуда Рафиева

Душанбе. 29-уми июн. «Азия-Плюс» — | Бар асари садамаи нақлиёт дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ чаҳор нафар ба ҳалокат расида, боз як нафари дигар ҷароҳат бардошт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар доданд, дар роҳи мошингарди миёни деҳаҳои Палдорак ва Оббурдон ронандаи автомашинаи ВАЗ-2121, сокини 36-солаи ҳамин ноҳия Муҳиддин Ғафуров аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада, он ба рӯдхонаи Зарафшон сарозер меравад. «Худи ронанда ҷон ба саломат бурдааст», – гуфтанд дар РКД-и вилоят.

Ба иттилои манбаъ, мусофирони дигари автомашина – Воҳид Валиеви 51-сола, Саврӣ Валиеваи 41-сола, Раҳим Валиеви ноболиғ ва Нозанин Валиеваи 6-моҳа дар рӯдхона ғарқ шудаанд. «Айни замон ҷустуҷӯйи ҷасадҳои Воҳид Валиев ва Раҳим Валиев идома дорад», – афзуд манбаъ.

Бино ба маълумоти сардори хадамоти матбуоти идораи Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Суғд Фахриддини Аваззод, соли равон дар қаламрави вилоят 134 садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шуда, бар асари он 68 нафар ҳалок ва 128 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Дар муқоиса бо нишондиҳандаҳои ҳамин давраи соли гузашта шумори садамаҳои нақлиёт ба андозаи 29% поин рафта, ҷабридидагон 44 нафар камтар ба қайд гирифта шудаанд, вале шумори ҳалокшудагон 18 нафар зиёд шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.