Файзобод: Оғози сохтмони манзили зист барои оилаи Атовулло Рақибов

Душанбе. 4-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар деҳаи Мискинободи ноҳияи Файзобод сохтмони манзили зист барои оилаи Атовулло Рақибов, ки қазияи ӯро ОИ «Азия-Плюс» тайи ним соли ахир бо хонандагонаш пайгирӣ дошт, оғоз гардид. Тавре ба ОИ «Ази-Плюс» худи А.Рақибов хабар дод, мақомоти маҳаллӣ ба ӯ 8 сотих замин ҷудо карда, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикичтон […]

Наргис Ҳамробоева

Душанбе. 4-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар деҳаи Мискинободи ноҳияи Файзобод сохтмони манзили зист барои оилаи Атовулло Рақибов, ки қазияи ӯро ОИ «Азия-Плюс» тайи ним соли ахир бо хонандагонаш пайгирӣ дошт, оғоз гардид.

Тавре ба ОИ «Ази-Плюс» худи А.Рақибов хабар дод, мақомоти маҳаллӣ ба ӯ 8 сотих замин ҷудо карда, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикичтон Муҳиддин Кабирӣ, ки қаблан барои сохтмони манзил ба ин оила изҳори кӯмак намуда буд, аз Душанбе 4 тонна семент, арматура ва дигар масолеҳи сохтмон фиристодааст. «Кор дар ҷӯш аст ва то мавсими сардӣ мо соҳиби манзил мешавем», – мегӯяд Рақибов.

Ёдрас мекунем, ки соли 2009 мақомоти маҳаллӣ хонаи Рақибовро хароб сохта, танҳо як ҳуҷраро боқӣ монданд, ки дар он минбаъд тамоми оила бо 5 кӯдак иқомат дошт.

Рақибов гуфта буд, амали ҳукуматдорон ҳеҷ асосе надорад, зеро ҳамаи асноди истифодаи қитъаи замин қонунист.

Мурофиаи додгоҳӣ нисбати ин қазия 13 апрел оғоз гардида, 28-ум апрел додгоҳи ноҳияи Файзобод Атовулло Рақибов, ҳамсараш ва ду хоҳарашро шартан ба як соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум намуд.

Қобили зикр аст, ки ин қазия дар ҷомеа сарусадоҳои зиёде ба бор овард. Гурӯҳи истифодабарандагони шабакаи Интернет ба оилаи Рақибовҳо кӯмаки моддӣ расониданд. Журналистони ОИ «Азия-Плюс» ба оилаи Рақибовҳо маблағӣ пулӣ, маводи ғизоӣ ва сарулибоси кӯдакона тақдим намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.