Дар масъалаи баланд накардани арзиши барқ барои ТАЛКО ҳукумати ҷумҳурӣ дуруст рафтор кард, – назари намояндаи парлумон

            Душанбе. 6-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошариф Исломиддинов дар сӯҳбати ихтисосӣ бо ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки дар масъалаи баланд накардани арзиши барқ барои Ширкати алюминии Тоҷикистон (ТАЛКО) ҳукумати ҷумҳурӣ дуруст рафтор кард, зеро дастгирӣ накардани ширкате, ки 70 […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 6-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошариф Исломиддинов дар сӯҳбати ихтисосӣ бо ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки дар масъалаи баланд накардани арзиши барқ барои Ширкати алюминии Тоҷикистон (ТАЛКО) ҳукумати ҷумҳурӣ дуруст рафтор кард, зеро дастгирӣ накардани ширкате, ки 70 дарсади фоидаи асъори ҷумҳуриро таъмин месозад, аз рӯи мантиқ намебуд.





           

Ба ақидаи ӯ, дар шароити бӯҳрони молӣ, ки арзиши алюминий дар бозори ҷаҳонӣ бамаротиб коҳиш ёфт, ширкати мазкур табиист, ки бо мушкилоти молиявӣ дучор гашта, ҳаҷми истеҳсолотро коҳиш хоҳад дод. «Ғайр аз ин, ширкати номбурда дар як сол то 7,5 млрд кВт/соат нерӯи барқ истифода мекунад, ки 6,4 млрд. кВт/соати он нерӯи барқи истеҳсоли ватанӣ буда, боқимонда 1,2 млрд. кВт/соат истеҳсоли хориҷӣ аст ва ширкат ба «Барқи тоҷик» танҳо барои нерӯи барқи истеҳсоли ватанӣ маблағ пардохт мекунад», – гуфт ӯ.




           

Номбурда таъкид сохт, ки он ҷиҳатро ҳам ба назар гирифтан зарур аст, ки пардохти истифодаи нерӯи барқи истеҳсоли хориҷӣ тибқи шартномаҳои мустақилона бастаи ширкати «ТАЛКО» бидуни иштироки ширкати «Барқи тоҷик» сурат мегирад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршиносон мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер