Сафири Тоҷикистон дар Эрон: Мо метавонем ҳамкориҳоро дар бахши сохтмон тақвият бахшем

Душанбе. 7-уми июл. «Азия-Плюс» — | Зимни боздид аз минтақаи озоди иқтисодии Арванди Эрон дар мусоҳиба ба маҷаллаи маъруфи эронии «Aghaz» сафири Тоҷикистон дар Эрон Давлаталӣ Ҳотамов изҳор доштааст, ки дар дурнамои наздик Тоҷикистону Эрон ҳамкориҳоро дар бахши сохтмону робитаҳои ҳавоӣ метавонанд густариш диҳанд. Дар мусоҳибаи мазкур диломати тоҷик дар бораи вазъи кунунии муносиботи дуҷонибаи […]

Пайрав Чоршанбиев

Душанбе. 7-уми июл. «Азия-Плюс» — | Зимни боздид аз минтақаи озоди иқтисодии Арванди Эрон дар мусоҳиба ба маҷаллаи маъруфи эронии «Aghaz» сафири Тоҷикистон дар Эрон Давлаталӣ Ҳотамов изҳор доштааст, ки дар дурнамои наздик Тоҷикистону Эрон ҳамкориҳоро дар бахши сохтмону робитаҳои ҳавоӣ метавонанд густариш диҳанд.

Дар мусоҳибаи мазкур диломати тоҷик дар бораи вазъи кунунии муносиботи дуҷонибаи Эрону Тоҷикистон ибрози андеша намуда, ба суолҳо перомуни бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, саноат, фарҳанг ва сайёҳӣ посух гуфтааст.

Сафир ба масоили сохтмони роҳҳо, омодасозии кадрҳои ҷавон ва дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони истиқлолият таваҷҷӯҳи хосса зоҳир сохтааст.

Д.Ҳотамов дар бораи бахши сайёҳӣ дар Тоҷикистон маълумот дода, изҳор доштааст, ки табиати зебову кӯҳсорон ва шаҳрҳои таърихии Тоҷикистон сайёҳонро аз Эрон, Чин, Русия, Қазоқистон, кишварҳои араб ва дигар мамлакатҳо ҷалб месозанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.