СММ: Суботи Осиёи Марказӣ ба ҳамкорӣ дар истифодаи захираҳои Амударё вобаста аст

Душанбе. 12-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар гузориши таҳқиқотии Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳифзи муҳити зист гуфта мешавад, як омили муҳими даст ёфтан ба субот ва таъмини амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ роҳандозии ҳамкории пурсамар дар истифодаи захираҳои обии рӯдхонаи Амударё шуда метавонад. Дар гузориш зикр мегардад, ки лоиҳаҳои сохтмони нерӯгоҳҳои пуриқтидори барқӣ […]

Пайрав Чоршанбиев

Душанбе. 12-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар гузориши таҳқиқотии Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳифзи муҳити зист гуфта мешавад, як омили муҳими даст ёфтан ба субот ва таъмини амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ роҳандозии ҳамкории пурсамар дар истифодаи захираҳои обии рӯдхонаи Амударё шуда метавонад.

Дар гузориш зикр мегардад, ки лоиҳаҳои сохтмони нерӯгоҳҳои пуриқтидори барқӣ дар кишварҳои болооб, норасоии об барои обёрии заминҳои кишварҳои поёноб, ивазшавии обуҳаво бинобар тағйирёбии иқлим ва ба ин монанд мушкилотро мебояд чаҳор кишвари «соҳиб»-и Амударё – Афғонистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ҳал намоянд. «Намунаи фоҷеабори он – хушкшавии баҳри Арал аст, ки бо сабаби истифодаи оби Амударё барои обёрӣ ба вуҷуд омад», – гуфта мешавад дар гузориш.

Бино ба маълумоти Маркази иттилооти СММ, зимни пешниҳоди гузориш дар шаҳри Женева намояндаи Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳифзи муҳити зист Кристоф Буве гуфтааст, ғайр аз ин, сифати оби рӯдхона низ бад шудааст, ки ба солимии мардум таъсир мерасонад. «Мушкилоти бузург оқибатҳои фаъолияти саноати истихроҷӣ – бензину химикатҳои корхонаҳои воқеъ дар соҳили рӯдхона ва ифлосшавии обуҳаво аз чангу намак аст», – изҳор кардааст ӯ.

Кристоф Бувйе корхонаи алюминии Тоҷикистонро ба гунаи мисол оварда, гуфтааст, он ба шуғли аҳолӣ ва рушди иқтисодии яке аз қашшоқтарин кишварҳои минтақа мусоидат менамояд, вале барои қаламрави поёноб, бахусус Ӯзбекистон мушкилоти ҷиддӣ эҷод месозад.

Муаллифони таҳқиқот аз кишварҳо даъват ба амал овардаанд, ки дар кори истифодаи захираҳои обии рӯдхонаи Амударё ҳамкории густарда ба роҳ монанд. Табодули маълумот роҷеъ ба лоиҳаҳои тарҳрезимешуда қадами муҳим дар эътимоднокии мутақобила ва як навъи ҳамкориҳои пурсамар шуда метавонад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.