spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Дар Душанбе қимати сӯзишвории дизелӣ каме коҳиш ёфт

Душанбе. 20-уми июн. «Азия-Плюс» — | Тайи чанд рӯзи ахир дар пойтахти ҷумҳурӣ қимати сӯзишвории дизелӣ каме коҳиш ёфт.

Агар қаблан дар нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишворӣ қимати 1 литр солярка 6,30-6,50 сомониро ташкил медод, пас феълан он бо арзиши 6 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Дар ҶСК «Газпромнефт-Тоҷикистон», ки воридкунандаи асосии маводи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон маҳсуб меёбад, коҳиши қимати сӯзишвории дизелӣ дар Тоҷикистонро ба раванди маъмулии тартиботи бозор шарҳ доданд, яъне феълан талабот ба маводи сӯзишвории дизелӣ дар бозор  пешниҳодро қонеъ месозад.

Дар ҳамин ҳол, қимати бензин чун пештара боқӣ монда, дар ширкати «Газпромнефт-Тоҷикистон» гуфтанд, ки ахиран арзиши бензин дар таърихи 8-уми июни соли ҷорӣ ба андозаи 62 дирам боло рафта буд. Айни замон дар нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишвории ширкати мазкур қимати бензини навъи АИ-80 – 5,80 (то 8-уми июн 4,95), АИ-92 – 5,90 (5,25), АИ-95 – 6 (5,50) ва АИ-98 – 6,1 (5,65) сомониро ташкил медиҳанд.

Директори генералии ҶСК «Газпромнефт-Тоҷикистон» Фарҳод Мирзоев чанд рӯзе қабл изҳор дошта буд, ки моҳи май Русия содироти бензини навъҳои АИ-92,АИ-95 ва АИ-98-ро ба таври хеле назаррас коҳиш дод ва моҳи июн низ беҳбудие дар ин самт ба назар намерасад. «Чунин вазъ ба он вобаста аст, ки дар як қатор минтақаҳои Русия маҳз дар таъмини чунин навъҳои бензин камбуд ба мушоҳида мерасад ва шояд нимаи дуюми моҳи июл ин мушкилот роҳи ҳалли худро пайдо намояд», – гуфт ӯ.

Ба қавли Ф. Мирзоев, феълан дар масъааи таъминоти бензини навъи АИ-80, сӯзишвории дизелӣ ва гази моеъ ҳеҷ мушкилие ҷой надорад ва онҳо мунтазам ворид мешаванд. Дар робита ба масъалаи болоравии қимати маводи сӯзишвории воридотӣ аз Русия номбурда гуфт, он сарфи назар аз тасмими мақомоти раҳбарии ширкат сурат гирифтааст.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...