Суғд: Ҳалокати як тан бар асари сӯхтор

Хуҷанд. 15-уми июл. «Азия-Плюс» — | Шаби 13 ба 14-уми июл дар ду бинои истиқоматии шаҳри Чкаловски вилояти Суғд сӯхтор сар зад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилоят хабар доданд, сӯхтор дар бинои истиқоматии № 65-и кӯчаи Осипенко соати сеи шаб ба вуқӯъ пайваста, дар натиҷаи шамоли сахт он ба бинои […]

Бахтиёр Валиев

Хуҷанд. 15-уми июл. «Азия-Плюс» — | Шаби 13 ба 14-уми июл дар ду бинои истиқоматии шаҳри Чкаловски вилояти Суғд сӯхтор сар зад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилоят хабар доданд, сӯхтор дар бинои истиқоматии № 65-и кӯчаи Осипенко соати сеи шаб ба вуқӯъ пайваста, дар натиҷаи шамоли сахт он ба бинои истиқоматии ҳамсоя гузаштааст. Майдони умумии сӯхтор, ки ду бинои манзили истиқоматиро фаро гирифт, 180 метри мураббаъро ташкил додааст. Ба сӯхторнишинони ба ҷойи ҳодиса ҳозиршуда муяссар гардидааст, ки дар муддати якуним соат оташро пурра хомӯш кунанд.

«Бар асари сӯхтор сокини 33-солаи бинои истиқоматии № 65 Илҳом Даминов ба ҳалокат расид. Айни замон сабабҳо ва ҳаҷми зарари расида аз сӯхтор муайян карда мешаванд. Танҳо маълум аст, ки ба сӯхторнишинон муяссар гардидааст, ки амволи арзишманд ба маблағи 32 ҳазор сомониро аз оташ эмин нигаҳ доранд», – афзуд манбаъ. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.