Ҳамрохон Зарифӣ: Марзбонони рус ба Тоҷикистон барнамегарданд

Душанбе. 18-уми июл. «Азия-Плюс» — | Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ имрӯз дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор кард, ки зимни сафари президенти Русия Дмитрий Медеведев ба Тоҷикистон моҳи сентябри соли равон имзои Созишномаи дуҷониба миёни кишврҳо оид ба масоили марзӣ дар назар аст. Дар идома вазир таъкид кард, ки имзои созишномаи мазкур маънои онро надорад, […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 18-уми июл. «Азия-Плюс» — | Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ имрӯз дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор кард, ки зимни сафари президенти Русия Дмитрий Медеведев ба Тоҷикистон моҳи сентябри соли равон имзои Созишномаи дуҷониба миёни кишврҳо оид ба масоили марзӣ дар назар аст.

Дар идома вазир таъкид кард, ки имзои созишномаи мазкур маънои онро надорад, ки марзбонони рус ба муҳофизати марзҳои Тоҷикистон бармегарданд. «Дар ин созишнома масоили роҳандозии ҳамкории мутақобила дар муҳофизати сарҳад, ҳузури шумори начандон зиёди мушовирони нерӯҳои марзбонии Русия дар Тоҷикистон, ки имрӯз ҳам фаъолият доранд, пешбинӣ мегардад», – гуфт вай.

Дар робита ба масъалаи ҳузури пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар қаламрави ҷумҳурӣ ва иҷораи фурудгоҳи Айнӣ аз ҷониби Русия, Ҳ.Зарифӣ чунин ибрози андеша намуд, ки гуфтушунидҳо перомуни ин масоил шурӯъ аз соли 2008 «ба таври созандаву бидуни эҳсосот» идома доранд. «Имрӯз ба қаламрави ҷумҳуриро баҳри бунёди пойгоҳҳои низомӣ ба кишварҳои хориҷӣ ройгон додан зарурате мавҷуд нест», – изҳор дошт ӯ.

Дар шарҳи овозаҳои чанде аз ВАО перомуни дар қаламрави Тоҷикистон ҷойгир кардани пойгоҳҳои низомии ИМА, вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ гуфт, роҷеъ ба ин масъала Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ бо ИМА гуфтушуниде накардааст ва ояндаи наздик низ аз он интизорӣ намеравад. «Агар сохтмони маркази таълимии Гвардияи миллии Тоҷикистон дар водии Қаратоғ, ки бо дастгирии молиявии ИМА сохта мешавад, дар назар бошад, пас метавонам бигӯям, ки он моликияити истисноии Тоҷикистон мебошад», – афзуд Ҳ.Зарифӣ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.