Мусодираи ҳудуди 2,5 млн. литр маводи сӯзишворӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ

Душанбе. 18-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар нимсолаи аввали соли равон гумрукчиёни ҷумҳурӣ ҳудуди 70 ҳодисаи воридоти ғайриқонунии маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистонро ошкор сохтаанд. Муовини сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ Неъмат Раҳматов дар ҷамъи рӯзноманигорон дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки дар ин давра аз муомилоти ғайриқонунӣ ҳудуди 2,5 млн. литр маводи […]

Пайрав Чоршанбиев

Душанбе. 18-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар нимсолаи аввали соли равон гумрукчиёни ҷумҳурӣ ҳудуди 70 ҳодисаи воридоти ғайриқонунии маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистонро ошкор сохтаанд.

Муовини сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ Неъмат Раҳматов дар ҷамъи рӯзноманигорон дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки дар ин давра аз муомилоти ғайриқонунӣ ҳудуди 2,5 млн. литр маводи сӯзишворӣ мусодира карда шудааст, ки аз ин миқдор 1 млн. 487 ҳазор литрашро сӯзишвории дизелӣ, 876 ҳазор литрашро – бензин ва 134 ҳазор литрашро равғанҳои молиданӣ ташкил медиҳанд.

«Дар қаламрави вилояти Суғд – 65, ноҳияи Турсунзода – 1 ва дар қаламрави вилояти Хатлон низ 1 ҳодисаи муомилоти ғайриқонунии маҳсулоти нафтӣ ошкор гардиданд», – гуфт вай.

Н.Раҳматов мегӯяд, дар зарфи 6 моҳи соли равон ба ҷумҳурӣ 255,7 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст, ки 131,3 ҳазор тоннаашро бензин ташкил медиҳад.

Номбурда таъкид сохт, ки аз миқдори умумӣ 84%-и маводи сӯзишворӣ аз Русия, 13% аз Туркманистон ва 3% аз Қазоқистон ворид шудааст. «Соли гузашта ба Тоҷикистон аз Туркманистон маҳсулоти нафтӣ ворид нагардида буд», – афзуд Н.Раҳматов.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз болоравии нарх истифода барад?

Ҷумҳурӣ ният дорад, ки ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.