Ҳалокати кӯҳнаварди олмонӣ дар кӯҳҳои Зарафшон

Хуҷанд. 26-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар кӯҳҳои минтақаи шимоли ҷумҳурӣ як кӯҳнаварди олмонӣ ба ҳалокат расид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» корманди ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи грждании вилояти Суғд Зафар Ашрафов хабар дод, шаҳрванди 40-солаи Олмон Александ Лукас Рос ҳангоми фатҳи қуллаи кӯҳ ба таври фоҷеавӣ ба ҳалокат расида, мақомоти додситонии ноҳияи Айнӣ ҷиҳати […]

Бахтиёр Валиев

Хуҷанд. 26-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар кӯҳҳои минтақаи шимоли ҷумҳурӣ як кӯҳнаварди олмонӣ ба ҳалокат расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» корманди ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи грждании вилояти Суғд Зафар Ашрафов хабар дод, шаҳрванди 40-солаи Олмон Александ Лукас Рос ҳангоми фатҳи қуллаи кӯҳ ба таври фоҷеавӣ ба ҳалокат расида, мақомоти додситонии ноҳияи Айнӣ ҷиҳати ошкор сохтани сабабҳои марги кӯҳнавард баргузории санҷишро оғоз кардаанд.

Ба қавли ӯ, ин ҳодисаи фоҷеабор рӯзҳои 16-17-уми июли соли равон дар мавзеи Замоки ҷамоати Фондарёи ноҳияи Айнӣ рух дода, кӯҳнавард бинобар риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ тахминан аз баландии 4500 метр аз сатҳи баҳр ба поён меафтад. Наҷотдиҳандагон ва кӯҳнавардон рӯзи 20-уми июл ба ҷустуҷӯйи ӯ оғоз карда, пас аз се рӯз – 23-юми июл ҷасади ӯро дар рӯйи пирях дарёфтаанд.

«Бо истифода аз банду ресмон ҷасади ӯро ба боло бардошта, сипас ба қароргоҳи кӯҳнавардон оварданд. Сипас ҷасад ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва минбаъд ба кормандони сафорати Олмон дар шаҳри Душанбе супурда шудааст», – гуфт Ашрафов.

Соли равон ин ҳодисаи нахустини ҳалокати кӯҳнавард дар вилояти Суғд аст. Соли гузашта низ дар кӯҳҳои қаламрави вилояти Суғд як кӯҳнаварди хориҷӣ фавтида буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.