spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Дар роҳҳои Душанбе зарфи як моҳ 1100 ҳодисаҳои қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуданд

Душанбе. 1-уми июл. «Азия-Плюс» — | Аз замони дар пойтахт ҷорӣ шудани тарофаҳои нави аризши роҳкирои нақлиёти мусофиркаши ҷамъиятӣ ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии пойтахт ягон арзу шикоят нисбати ронадагон ворид нашудааст, – мегӯяд Субҳон Сафиаллоев, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ҳамзамон раиси Комисиияи доимӣ оид ба масоили нақлиёт, коммуникатсия ва роҳҳо.

Ба қавли ӯ, ба телефонҳои боварии маъмурият шахсони номаълум дар ин хусус занг мезананд, вале маъмулан рақами автомашина ва ному насаби ронандаро, ки худсарона қимати роҳкироро боло бурдааст, гуфта наметавонанд. «Дар зарфи як моҳ аз ҷониби ситоди шаҳрӣ, ки ба ҳайати он намояндагони мақомоти шаҳрдорӣ, БДА ва идораи санитарию эпидемиологӣ шомиланд, 1100 ҳодисаи қонуншиканӣ аз ҷониби ронандагони нақлиёти ҷамъиятиро ошкор гардид», – мегӯяд вай.

Дар зикри навъҳои қонуншиканӣ С.Сафиаллоев изҳор кард, ки 104-тои он ба масъалаи бидуни иҷозатнома ба мусофиркашӣ машғул будан, 22-то ба идораи автомашина бидуни шаҳодатномаи ронандагӣ, 231-то ба тағйири хатсайр ва 198-то ба боздоштани нақлиёт дар ҷоий манъшуда марбутанд.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи пойтахт ҳамчунин гуфт, мушкилоти аслии имрӯза ба Душанбе воридшавии нақлиётест, ки дар ноҳияҳои тобеи марказ ба қайд гирифта шуда, барои  кор дар пойтахт иҷозатнома надоранд. «Ҳамарӯза ҳудуди 2 ҳазор адад нақлиёти мусофиркаши ноҳиҳои тобеи марказ мусофирони худро дар макони муқарраршудаи даромадгоҳи шаҳр пиёда накарда, онҳоро то маркази шаҳр мерасонанд ва ин дар навбати худ, ба беҳад зиёдшавии нақлиёт дар роҳҳои пойтахт боис мегардад», – таъкид кард ӯ.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...