«Барқи тоҷик» ба оилаи духтари маъюбшуда манзили зист харид

Хуҷанд. 28-уми июл. «Азия-Плюс» — | Воҳиди сохтории ширкати «Барқи тоҷик» дар вилояти Суғд барои харидани манзили зист ба оилаи духтаре, ки аз зарбаи барқ маъюб гардида буд, маблағи пулӣ ҷудо кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» модари ин духтар Фароғат Масобирова хабар дод, намояндагони ширкат дар ҳузури нотариус ба ӯ ҷиҳати харидани манзили зист дар […]

Бахтиёр Валиев

Хуҷанд. 28-уми июл. «Азия-Плюс» — | Воҳиди сохтории ширкати «Барқи тоҷик» дар вилояти Суғд барои харидани манзили зист ба оилаи духтаре, ки аз зарбаи барқ маъюб гардида буд, маблағи пулӣ ҷудо кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» модари ин духтар Фароғат Масобирова хабар дод, намояндагони ширкат дар ҳузури нотариус ба ӯ ҷиҳати харидани манзили зист дар шаҳри Хуҷанд 60 ҳазор сомонӣ маблағ супурдаанд.  «Минбаъд манзили зист ба номи духтари маъюб ҳуҷҷатгузорӣ мешавад», – гуфт вай.

Ба қавли ӯ, ширкат то имрӯз маблағи табобати духтарро дар ҳаҷми 11 ҳазор сомонӣ низ пардохт кардааст.

Ёдрас мекунем, ки моҳи апрели соли равон дар шаҳри Хуҷанд толибаи синфи якум Сарвиноз ҳангоми бозӣ дар қаламрави мактаб, ба бинои зеристгоҳи трансформатор ворид шуда, таҳти зарбаи барқ қарор гирифт. Ба қавли мутахассисон, кӯдак таҳти зарбаи барқи ҷараёни 10 ҳазор волт мондааст. Сипас духтар дарҳол ба беморхона бурда шуда, дар он ҷо аз 15-уми апрел то 11-уми май табобат гирифт, ки дар чор рӯзи аввал ҳолаташ вазнин буд. Ба табибон лозим омад, ки дастони ӯро буранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.