Соли оянда дар Душанбе нахустин намоишгоҳи байналмилалии «Рушди иқтисодии Афғонистон» баргузор мегардад

Date:


Душанбе. 30-юми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Масоили рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон, инчунин татбиқи созишнома дар бораи ҳамкории палатаҳои ду кишвар рӯзи гузашта дар ҷараёни мулоқоти раиси палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо сардори бахши бахши тиҷорати сафорати Афғонистон дар ҷумҳуриамон – Наҷибуллоҳ Раҳимӣ барраси гардиданд.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Палатаи савдо ва саноати мамлакат хабар доданд, қарор аст нимаи аввали соли 2009 дар шаҳри Хоруғ мулоқоти тоҷирони вилояти Бадахшони Афғонистон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон баргузор гардад. Дар ин вохӯриҳо асосан масъалаи тақвияти ҳамкориҳо миёни соҳибкорони ду кишвар баррасӣ хоҳад шуд.




          

Ба гуфтаи манбаъ, дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин қарор шуд, ки рӯзҳои 20-22-юми апрели соли 2009 дар Душанбе нахустин намоишгоҳи байналмилалии «Рушди иқтисодии Афғонистон» баргузор гардад. Дар намоишгоҳ молу маҳсулоти истеҳсоли Афғонистон ба маърази тамошо гузошта шуда, дар доираи чорабинӣ вохӯрии тоҷирону соҳибкорони ду кишвар баргузор хоҳад гашт.

  

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...