Муаррифии аввалин луғати олмонӣ-тоҷикӣ дар Берлин

Душанбе. 29-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Берлин бахшида ба 20-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор намуд. Дар ҷамъомад намояндагони дастгоҳи Канслери федералӣ, вазорати федералии корҳои хориҷӣ, доираҳои сиёсиву ҷамъиятӣ, ҳайати дипломатӣ ва васоити ахбори оммаи Ҷумҳурии Федеративии Олмон, инчуни донишҷӯёни тоҷикистонию олмонӣ, аъзоёни Ҷамъияти дустии Тоҷикистону Олмон, намояндагони […]

Asia-Plus

Душанбе. 29-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Берлин бахшида ба 20-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор намуд. Дар ҷамъомад намояндагони дастгоҳи Канслери федералӣ, вазорати федералии корҳои хориҷӣ, доираҳои сиёсиву ҷамъиятӣ, ҳайати дипломатӣ ва васоити ахбори оммаи Ҷумҳурии Федеративии Олмон, инчуни донишҷӯёни тоҷикистонию олмонӣ, аъзоёни Ҷамъияти дустии Тоҷикистону Олмон, намояндагони диаспораҳои тоҷик, афғон ва эронии муқими ин кишвар ширкат варзиданд.

 Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ҷамъомадро Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Олмон Имомуддин Сатторов ифтитоҳ намуда, зимни суханронии худ ба ҳозирин дар бораи рушди сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии кишвар дар давраи Истиқлолият маълумоти муфассал дод. Ў таваҷҷӯҳи меҳмононро махсусан ба лоиҳаҳои гидроэнергетикии ҷумҳурӣ ҷалб намуда, таъкид намуд, ки татбиқи онҳо барои таъмин намудани рушди устувори на танҳо кишвари мо, балки тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти бузург дорад.

 Дар иртибот ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон қайд карда шуд, ки Ҷумҳурии Федеролии Олмон яке аз аввалин давлатҳое буд, ки истиқлолияти кишвари моро ба расмият шинохт ва барои рушд ва ташаккули он ҳиссаи муайяни худро гузошт. «Айни ҳол байни ду давлат муколамаи созанда ба роҳ монда шудааст, ки он рушди рӯзафзуни муносибатҳои дуҷонибаро бомуваффақият таъмин месозад» – таъкид намуд Сафир дар баромади худ.

 Иштирокчиён инчунин бо шавқи том бо ташабусҳои минтақавӣ ва байналмиллалии Ҳукумати Тоҷикистон, ки ба тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои байналмиллалӣ, сулҳ ва муколама равона шудаанд, шинос шуданд.

 Дар рафти ҷамъомад намояндагони доираҳои сиёсию ҷамъиятӣ ва фарҳангии Олмон ба ислоҳотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар соҳаҳои гуогуни ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии кишвар татбиқ карда мешаванд, баҳои баланд доданд.

 Дар чаҳорчўбаи ҷамъомад, инчунин маросими муаррифии аввалин луғати олмонӣ-тоҷикӣ, ки бар асари сайъу кӯшиши бисёрсолаи олимони Донищгоҳи Гумболд ва Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон таҳия ва нашр шудааст, баргузор гардид. Китоби мазкурро яке аз ҳаммуалифони он – профессори кафедраи Осиёи Марказии Дониишгоҳи Гумболд Лутс Жехак ба ҳозирин муарифӣ намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?