Боздошти 7 нафар сокинони вилояти Суғд ба гумони қочоқи нашъа дар хориҷи кишвар

Хуҷанд. 29-уми июл. «Азия-Плюс» — | Соли равон 7 нафар сокинони вилояти Суғд ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар хориҷи кишвар боздошт шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари вилояти Суғд хабар доданд, панҷ тан аз онҳо дар қаламрави Русия ва 2 нафар дар Қирғизистон боздошт гардида, […]

Мавлуда Рафиева

Хуҷанд. 29-уми июл. «Азия-Плюс» — | Соли равон 7 нафар сокинони вилояти Суғд ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар хориҷи кишвар боздошт шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари вилояти Суғд хабар доданд, панҷ тан аз онҳо дар қаламрави Русия ва 2 нафар дар Қирғизистон боздошт гардида, аз онҳо 85 кило маводи мухаддир мусодира шудааст.

Дар ҳамин давраи соли гузашта дар хориҷи кишвар ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар 5 нафар сокинони вилоят боздошт ва аз онҳо 23 кило маводи мухаддир мусодира гардида буд.

Дар ҳамин ҳол, соли ҷорӣ дар қаламрави вилояти Суғд ба иттиҳоми муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир 6 нафар шаҳрвадони хориҷӣ боздошт шуданд, ки 1 нафар шаҳрванди Русия ва 5 нафар шаҳрвандони Қирғизистон мебошанд. Аз шаҳрвандони Қирғизистон 61 кило маводи мухаддири ҳашиш мусодира гардида, нисбат ба онҳо мутобиқи моддаи 200 (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо  мақсади   ба соҳибияти каси дигар додан) ва 289 (Қочоқ) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Аз шаҳрванди Русия 643 грамм маводи сахттаъсири героин мусодира шуда, нисбати ӯ низ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.

Бино ба маълумоти Раёсати Агентии назорати маводи нашъаоври вилояти Суғд, дар зарфи 6 моҳи соли равон кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд аз муомилоти ғайриқонунӣ 359 кило маводи мухаддирро мусодира намудаанд, ки 34 килояш героин мебошад. Дар ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда ба 169 кило баробар буд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.