Эмомалӣ Раҳмон беш аз 200 нафарро бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонид

Душанбе. 8-уми август. «Азия-Плюс» — | Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон беш аз 200 нафар кормандони соҳаҳои иқтисодию истеҳсолии кишварро бо мукофотҳои олии давлатӣ сарфароз гардонд.  Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар маросими супурдани мукофотҳои давлатӣ хизматҳои шоёни  кормандони пешқадами соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика, саноат, нақлиёт, коммуникатсия ва дигар соҳаҳои иқтисодию истеҳсолӣ бо […]

Asia-Plus

Душанбе. 8-уми август. «Азия-Плюс» — | Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон беш аз 200 нафар кормандони соҳаҳои иқтисодию истеҳсолии кишварро бо мукофотҳои олии давлатӣ сарфароз гардонд.

 Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар маросими супурдани мукофотҳои давлатӣ хизматҳои шоёни  кормандони пешқадами соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика, саноат, нақлиёт, коммуникатсия ва дигар соҳаҳои иқтисодию истеҳсолӣ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр карда шуд.

 Хизматҳои арзандаи роҳбарият ва кормандони пешқадами як қатор корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ, нерўгоҳҳои барқӣ ва дигар иншооти соҳаи энергетика, муассисаҳои намунавии соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ, аз ҷумла хоҷагиҳои деҳқоние, ки дар рушди боғутокпарварӣ, зироаткорӣ, чорводорӣ, парвариши занбўри асал ва ғайра фаъолияти омўхтанӣ доранд ва умуман онҳое, ки дар рушди истеҳсолоти ватанӣ, муҳайё намудани ҷойҳои корӣ, таъмини фаровонӣ дар бозори истеъмолии кишвар ва коҳиш додани таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисодиёту иҷтимоиёти Тоҷикистон саҳми намоён гузоштаанд, бо ордени Шараф дараҷаи 1, ордени Шараф дараҷаи 2, медали Хизмати шоиста, медали ҷашнии 20 – солагии истиқлолияти давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон ва бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр карда шуданд.

 Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи онҳоро бо арафаи солгарди 20 – уми истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва сарфароз шуданашон бо мукофотҳои олии Ватан табрику таҳният гуфта, ба заҳмати созандаи минбаъда баҳри таъмини шукуфоии бештари Тоҷикистони азиз ва расидан ба се ҳадафи стратегии давлату ҳукумат ва мардуми шарафманди кишвар – истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ ҳидоят намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.