Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон

Душанбе. 8-уми август. «Азия-Плюс» — | Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҳамчунин ҷараёни баргузории ислоҳот дар бахшҳои кишоварзиву саноати минтақаи ҷануби умҳурӣ ба вилояти Хатлон сафар кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар рафти сафари серӯза сарвари давлат аз шаҳрҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа ва […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 8-уми август. «Азия-Плюс» — | Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҳамчунин ҷараёни баргузории ислоҳот дар бахшҳои кишоварзиву саноати минтақаи ҷануби умҳурӣ ба вилояти Хатлон сафар кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар рафти сафари серӯза сарвари давлат аз шаҳрҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа ва ноҳияҳои Ховалинг, Мӯъминобод ва Балҷувону Бохтар боздид карда, дар маросими ифтитоҳи як қатор иншооти ба муносибати ҷашни 20-умин солгарди истиқлол бунёдгардида иштирок хоҳад кард.

Ҳамчунин иштирок ва суханронии президенти Тоҷикистон дар маҷлиси фаъолони шаҳру навоҳии номбурда дар назар аст.

Ба қавли манбаъ, дар ҷараёни вохӯриҳои президенти кишвар бо намояндагони бахшҳои гуногуни кишоварзиву иқтисод ба масъалаи таъмини амнияти ғизоӣ, баргузории кишти такрорӣ ва рушди имконоти саноатии минтақа таваҷҷӯҳи хосса зоҳир хоҳад гардид.

Тавре дар боло зикр кардем, сарвари давлат нахуст аз шаҳри Кӯлоб боздид мекунад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамид Абдуллоев хабар дод, дар ин шаҳр Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи 7 иншоот ва хишти аввал гузоштан ба оғози бунёди иншооти нав иштирок мекунад. «Дар микрорайони 16-ум президент ба оғози сохтмони гиназияи президентӣ барои 1200 нафар ҷой ҳусни ифтитоҳ мебахшад», – гуфт ӯ.

Ҳамчунин бо иштироки сарвари давлат маросими ифтитоҳи 4 иншооти бахши маориф сурат мегирад, яке аз онҳо ба фаъолият шурӯъ кардани мактаби нав барои фарзандони оилаҳои аз офати табиӣ (дар моҳи апрел-майи соли 2010) осебдида буда, аз бюҷети ҷумҳурӣ баҳри сохтмони он 12 млн. сомонӣ ҷудо гардида буд. Ҳамчунин барои таҷдиди мактаби № 27, бинои дуюми мактаби №30 ва бинои дуюми коллеҷи омӯзгорӣ низ на камтар аз 10 млн. сомонӣ маблағҳои бюҷетӣ ҷудо гардиданд.

Ҳ. Абдуллоев инчунин зикр кард, ки сарвари давлат дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи дӯзандагӣ дар заминаи собиқ корхонаи пойафзолдӯзӣ ва чорабиниҳои идона ба муносибати кушодани кӯли сунъӣ дар ноҳияи Кӯлоб низ иштирок хоҳад кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст