Сигарети хомӯшнакарда ба сӯхтор дар манзили зист боис гардид

Date:

Душанбе. 9-уми август. «Азия-Плюс» — | Соати сеи субҳи имрӯз бар асари сар задани сӯхтор дар бинои истиқоматии воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе Любов Яковлевнаи 57-сола ба ҳалокат расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Сарраёсати хадамоти оташнишонии ВКД хабар доданд, сӯхтор бар асари он сар задаст, ки зани ҳалокшуда сигарети дар дасташ бударо хомӯш накардааст.

«Сӯхтор майдони 20 метри мураббаъи манзили зистро фаро гирифта, хисороти расида аз он 50 ҳазор сомонӣ арзёбӣ мешавад», – гуфтанд дар сарраёсати мазкур.

Ба иттилои манбаъ, соҳиби хона – модари ҳалокшуда Анна Сказкина ва ду нафар меҳмононро оташнишинон саривақт наҷот додаанд ва онҳо ҳеҷ ҷароҳати ҷиддие набардоштаанд.

Дар ҳамин ҳол, аз Сарраёсати мазкур дар робита ба масъалаи сабабҳои рӯзи 8-уми август дар бозори «Корвон»-и пойтахт сар задани сӯхтор хабар доданд, ки комиссияи махсус муддати 10 рӯз сабабҳои сар задани сӯхтор ва ҳаҷми зарари расидаро муайян хоҳад кард.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...