Душанбе. 16-уми август. «Азия-Плюс» — | Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи оҷили Кумитаи иҷроияи Созмони Ҳамкории Исломӣ оид ба масъалаҳои кӯмак ба Сомалӣ дар робита ба бӯҳрони гуруснагӣ озими Истамбул шуд.
Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, Ҷаласа 17 августи соли 2011 бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган ва таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ержан Казиханов баргузор мегардад.
Ёдрас мекунем, ки нимаи аввали соли равон дар як қатор кишварҳои Африқо – Сомалӣ, Кения, Эфиопия ва Ҷибути бӯҳрони душвори ғизоӣ ба амал омад, ки тайи 50 соли ахир собиқа надошт.
Дар минтақаи мазкур беш аз 3,6 млн. нафар аз гуруснагӣ дар ҳоли марг қарор доранд. Сабаби камбуди маводи ғизойӣ хушксолии шадид аст.


