Илҳом Алиев ба нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ ба Душанбе намеояд

Душанбе. 17-уми август. «Азия-Плюс» — | Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Душанбе намеояд. Мудири шӯъбаи робитаҳои хориҷии маъмурияти президенти Озарбойҷон Наврӯз Мамедов ба расонаҳои хабарӣ изҳор кардааст, ки Илҳом Алиев дар кори нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ, ки рӯзҳои 2-3-юми сентябр дар шаҳри Душанбе доир мегардад, ширкат […]

Asia-Plus

Душанбе. 17-уми август. «Азия-Плюс» — | Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Душанбе намеояд.

Мудири шӯъбаи робитаҳои хориҷии маъмурияти президенти Озарбойҷон Наврӯз Мамедов ба расонаҳои хабарӣ изҳор кардааст, ки Илҳом Алиев дар кори нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ, ки рӯзҳои 2-3-юми сентябр дар шаҳри Душанбе доир мегардад, ширкат нахоҳад варзид. Дар ин нишаст Озарбойҷонро нахуствазири кишвар Артур Росизода намояндагӣ мекунад.

Қаблан Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки президенти Озарбойҷон дар қатори сарони кишварҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова ва Туркманистон шахсан иштироки худ дар нишасти Душанберо тасдиқ намуда буд.

Ёдрас мекунем, ки баҳри дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ дар Душанбе аз ҳисоби роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва намояндагони Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат таҳти сарварии нахуствазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов кумитаи тадорукотӣ таъсис дода шудааст.

Дар нишасти мазкур раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро Тоҷикистон ба Туркманистон месупорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Зиёдулло Шаҳидӣ то даргузашти Саъдулло Раҳимов ва Рӯзи байналмилалии оташнишонҳо

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршиносон мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд