Ваҳдат: Ҳабси нафақахӯри 62-сола ба гумони қатли набера

Date:


Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Ваҳдат рӯзи 21-уми август сокини шаҳри Ваҳдат Даврон Тӯгаевро ба гумони даст доштан дар қатли наберааш боздошт намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, гумонбаршуда бо писараш Бахтиёр ҷанҷол карда, ба набераи яксолаи худ Шерзод заҳр – кислотаи сирко мехӯронад. «Кӯдак бо ҳолати хеле вазнин дар беморхонаи шаҳрӣ ба ҳуш наомада, ба ҳалокат расидааст», – гуфт манбаъ.

Зикр гардид, ки нисбат ба Д. Тӯгаев парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...