Душанбе. 25-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар қаламрави комбинати масолеҳи сохтмони ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе кормандони Раёсати кофтукови ҷиноии Вазорати корҳои дохилӣ як пинҳонгоҳи силоҳро дарёфт карданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ доданд, ин пинҳонгоҳ замони ҷанги шаҳрвандӣ бунёд гардида, аз он 18 – адад норинҷаки тамғаи «РГД – 5», 11 – адад норинҷаки тамғаи «Ф – 1», 13 – дона тири «БМП», 4 – дона тири «БТР», 1 – адад снаряди норинҷакандоз, 1886 – дона тири 5,45 мм., 2262 – дона тири 7,62 мм., 23 -дона тири пулемёти (КПВТ), 800 – дона тири пулемёти «РПК», 2 – адад минаи корношоям дарёфт шудааст.
Ба иттилои манбаъ, аз рӯйи ин ҳодиса тафтишот бурда мешавад.