Майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт шабона баста мешавад

Душанбе. 22-юми август. «Азия-Плюс»- /Аваз Юлдошев/ — Шурӯъ аз 25-уми августи соли равон майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе шабона баста мешавад. Майдони мазкур ба гузашти низомӣ, ки ба муносибати таҷлили ҷашни 20-умин солгарди истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ доир мегардад, омода карда мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии шӯъбаи БДА-и РКД-и шаҳри Душанбе подполовники милиса Шерафган Латифов […]

Душанбе. 22-юми август. «Азия-Плюс»- /Аваз Юлдошев/ — Шурӯъ аз 25-уми августи соли равон майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе шабона баста мешавад. Майдони мазкур ба гузашти низомӣ, ки ба муносибати таҷлили ҷашни 20-умин солгарди истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ доир мегардад, омода карда мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии шӯъбаи БДА-и РКД-и шаҳри Душанбе подполовники милиса Шерафган Латифов хабар дод, ҳаракати нақлиёт дар майдон дар давоми рӯзҳои аз 25-уми август то 5-уми сентябр аз соати 18 то 22 манъ карда мешавад.

«Ҳаракати нақлиёт дар қитъаи роҳи хиёбони Рӯдакӣ, шурӯъ аз буриши кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ то майдони «800-солагии Маскав» дар соати зикршуда баста мешавад», – гуфт ӯ.

Номбурда афзуд, шабона дар майдон машқу тамринҳои гузашти низомӣ баргузор мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки ба муносибати таҷлили ҷашни 20-умин солгарди истиқлоли ҷумҳурӣ бо иштироки беш аз 10 ҳазор афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гузашти низомии пуршукӯҳ доир мегардад.

Дар гузашт ҳамчунин воҳидҳои Гвардияи миллӣ, Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия ва ҷузъу томҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ низ ширкат хоҳанд варзид.

Ба гузашти низомӣ сардори гарнизони Душанбе генерал-майор Латиф Файзиев фармондеҳӣ карда, онро вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Хайруллоев қабул хоҳад намуд.

Ғайр аз ин, ба муносибати таҷлили ҷашни 20-умин солгарди истиқлоли ҷумҳурӣ дар тамоми марказҳои маъмурии вилоятҳо гузаштҳо баргузор мешаванд, ки дар онҳо то 1 ҳазор нафар афсарону сарбозони гарнизонҳои ҳарбии маҳаллӣ иштирок мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.