Душанбе. 26-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе зимни баргузории конфронси илмиву амалӣ коршиносон масъалаи роҳҳои таъмини рушди паррандапарварӣ дар ҷумҳуриро баррасӣ мекунанд.
Тавре аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар кори конфронс раҳбарону мутахассисони корхонаҳои паррандапарварии Русия, Украина, Белорус ва Эрон ширкат хоҳанд варзид. «Дар конфронс вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ин бахши кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт», – гуфт манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, дар рӯзи дуввуми конфронс ширкатдорони он аз хоҷагиҳои паррандапарварии «Мурғи ҳилол» ва «Мурғи марҷон»-и ноҳияи Файзобод ва ҳамчунин «Наврӯз»-и шаҳри Ваҳдат боздид хоҳанд кард.
Тибқи маълумоти вазорат, феълан дар Тоҷикистон 18 хоҷагии паррандапарварӣ амал мекунад, ки фаъолияти қисмате аз онҳо соли равон ба роҳ монда шуд.


