Австрия расонидани кӯмаки амалӣ ба Тоҷикистонро вусъат медиҳад

Чанде қабл ҳангоми вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Австрия Нуриддин Шамсов бо роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Австрия вазъи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва дурнамои мусоидати Иттиҳоди Аврупо ба ҳукумати кишвар дар риштаи таъмини амният ва таҳкими марзҳои сарҳадӣ бо Афғонистон матраҳ гардид .  Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷараёни […]

Asia-Plus


Чанде қабл ҳангоми вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Австрия Нуриддин Шамсов бо роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Австрия вазъи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва дурнамои мусоидати Иттиҳоди Аврупо ба ҳукумати кишвар дар риштаи таъмини амният ва таҳкими марзҳои сарҳадӣ бо Афғонистон матраҳ гардид

.

 Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот бо Ҳамоҳангсози робитаҳои байналмилалии Вазорати корҳои дохилии Австрия Тобиас Ҷеймс, ҷониби Тоҷикистон раванди имрӯзаи ҳамкориро дар соҳаи мазкур бо Австрия мусбат арзёбӣ кард. Ҳамзамон, бо ишора ба чолишҳо ва таҳдидҳои амниятии ҷойдошта, ки аз қаламрави кишвари ҳамсоя сарчашма мегиранд, сафир хостгори тавсеаи ҳамкории самарабахш миёни тарафҳо ва расонидани кӯмаки амалии моддию техникӣ аз ҷониби кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон барои ҳифзи минбаъдаи амну суботи минтақавӣ шуд.

 Зимни музокирот Т. Ҷеймс ба натиҷаҳои Конфронси байналмилалии бахшида ба амнияти сарҳадӣ (Душанбе, соли 2008) ва Анҷумани 9-уми КАБСИ (Ташаббуси Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи таҳкими амнияти марзӣ дар Осиёи Марказӣ) баҳои баланд дод. Ҷониби Австрия таъкид сохт, ки Иттиҳоди Аврупо, пеш аз ҳама Австрия тасмим гирифтаанд, ки зимни татбиқи марҳилаи 8-уми лоиҳаи БОМКА ва Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ расонидани кумаки амалиро барои Тоҷикистон вусъат диҳанд. «Бо мақсади татбиқи амалии тавсияҳо ва хулосаҳои Анҷумани КАБСИ, ки 15-16 марти соли равон дар Душанбе баргузор гардид, ҳукумати Австрия ва Иттиҳоди Аврупо барои сафарбар кардани кишварҳои мададрасон ва муассисаҳои байналмилалии молиявӣ кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод», – илова намуд Т. Ҷеймс.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст