Ҳафт медали тило ва як нуқраи хатмкардагони макотиби Суғд

Соли равон хатмкардагони макотиби таҳсилоти умумии вилояти Суғд пас аз санҷиши иловагӣ дар шаҳри Душанбе соҳиби 7 медали тило ва 1 медали нуқра шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шӯъбаи муассисаҳои мактабӣ ва томактабии Раёсати маорифи вилояти Суғд хабар доданд, дар маҷмӯъ ба гирифтани медалҳо 23 нафар толибилмон довталаб буданд, вале пас аз санҷиши иловагӣ […]


Соли равон хатмкардагони макотиби таҳсилоти умумии вилояти Суғд пас аз санҷиши иловагӣ дар шаҳри Душанбе соҳиби 7 медали тило ва 1 медали нуқра шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шӯъбаи муассисаҳои мактабӣ ва томактабии Раёсати маорифи вилояти Суғд хабар доданд, дар маҷмӯъ ба гирифтани медалҳо 23 нафар толибилмон довталаб буданд, вале пас аз санҷиши иловагӣ дар пойтахт, гирифтани медалҳо танҳо ба 8 нафари онҳо муяссар шудааст.

Хатмкардагони гимназияи ба номи Ҳётеи шаҳри Хуҷанд Абдулазиз Раҳимов, литсейи рақами 1-и ноҳияи Исфара Довудҷон Исломзода, мактаб-интернати шаҳри Панҷакент Суннат Эшов, гимназияи рақами 8-и ноҳияи Ашт Носирҷон Аҳмедов, мактаби таҳсилоти умумии рақами 2-и ноҳияи Айнӣ Меҳрдод Ёров ва хатмкардагони литсейи физикаву математикаи №1-и шаҳри Хуҷанд Ҳасан Ҷумъаев ва Абдуалӣ Шокиров бо медалҳои тило сарфароз гардонида шуданд.

Хатмкардаи литсейи физикаву математикаи №1-и шаҳри Хуҷанд бародари дугоники Ҳасан Ҷумъаев – Ҳусейн Ҷумъаев соҳиби медали нуқра гардид.

Ҳамаи толибилмони дар боло зикршуда ба сафи донишҷӯёни макотиби олии гуногун, аз ҷумла Русия низ пазируфта шуданд. Соли 2010 хатмкардагони макотиби таҳсилоти умумии вилояти Суғд нӯҳ медали тило ва чор медали нуқра ба даст оварда буданд. Соли равон толибилмони макотиби шаҳри Душанбе бо 17 медал сарфароз гардонида шуданд, ки 7-тои он медали тило аст.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.