Шикасти нахусти дзюдочиёни тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон

Дар пойтахти Фаронса – шаҳри Париж Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо шурӯъ шуд. Дар рӯзи нахустини мусобиқот дзюдочии тоҷик Ҷамшед Халилов дар вазни 60 кг аз варзишгари гурҷӣ Амриан Папиашвили шикаст хӯрда, аз идомаи қувваозмоиҳо маҳрум гардид. Дар ин вазн унвони чемпиони ҷаҳон ва медали тило насиби дзюдочии ӯзбек Ришод Собиров шуд. Дар қувваозоии ниҳоӣ […]


Дар пойтахти Фаронса – шаҳри Париж Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо шурӯъ шуд. Дар рӯзи нахустини мусобиқот дзюдочии тоҷик Ҷамшед Халилов дар вазни 60 кг аз варзишгари гурҷӣ Амриан Папиашвили шикаст хӯрда, аз идомаи қувваозмоиҳо маҳрум гардид.

Дар ин вазн унвони чемпиони ҷаҳон ва медали тило насиби дзюдочии ӯзбек Ришод Собиров шуд. Дар қувваозоии ниҳоӣ ӯ бар варзишаги Ҷопон Хираока Хироаки дастболо шуд.

Дар ин мусобиқот Тоҷикистонро шаш нафар варзишгарон намояндагӣ мекунанд. Имрӯз қувваозмоиҳо дар вазни аз ҳама сершумортарини то 73, кило оғоз гардиданд, ки дар он 95 нафар дзюдочиён ширкат меварзанд ва миёни онҳо дзюдочии маъруфи тоҷик Расул Боқиев низ ҳузур дорад. Расуд Боқиев дар қувваозмоии нахуст бо варзишгари итолиёвӣ Андреа Регис ба набард мепардозад.

Пагоҳ боз ду варзишгари тоҷик дар вазни то 81 кг – Шералӣ Бозоров ва Фарҳод Раҳимов ба қувваозмойи шурӯъ мекунанд ва дар даври аввал мутаносибаи бо варзишгарони Аргентинаву Шветсия қувваозмоӣ менамоянд.

Рӯзи 26-уми август Тоҷикистонро дар вазни то 90 кило варзишгари пуртаҷрибаи тоҷик Парвиз Собиров намояндагӣ карда, бо дзюдочии Того қувваозмоӣ мекунад.

Дар рӯзи охирини чемпионат дар вазни то 100 кило дзюдочии тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов бо Милан Дисовис вомехӯрад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.