Таъсиси созмони нави журналистӣ дар ҷумҳурӣ

Дар шаҳри Душанбе ташкилоти нави журналистӣ – Асосиатсияи истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионӣ ба қайд гирифта шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) хабар доданд, ҳадафи созмони навтаъсис ҳимояи манфиатҳои ташкилотҳои радиотелевизионӣ ва студияҳои истеҳсолкунандаи маводи аудиовизуалӣ мебошад. «Асосиасияро ҳафт ташкилот ТВ «СМТ», ТВ «Регар», ТВ «Мавҷи озод»-и […]


Дар шаҳри Душанбе ташкилоти нави журналистӣ – Асосиатсияи истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионӣ ба қайд гирифта шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) хабар доданд, ҳадафи созмони навтаъсис ҳимояи манфиатҳои ташкилотҳои радиотелевизионӣ ва студияҳои истеҳсолкунандаи маводи аудиовизуалӣ мебошад. «Асосиасияро ҳафт ташкилот ТВ «СМТ», ТВ «Регар», ТВ «Мавҷи озод»-и ноҳияи Восеъ, ТВ 5- шаҳри Конибодом, ТВ «Симо»-и шаҳри Панҷакент, Телевизион ва радиои мустақили Қӯрғонтеппа ва ҶДММ «Ориёномедиа» таъсис доданд», – иброз дошт роҳбари Ассосиатсияи мазкур, директори ТВ «Симои мустақили Тоқикистон» Зинатулло Исмоилов.  

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи муассисон зикр гардид, ки дигар ташкилоти телевизионӣ ва радиоӣ низ омода ҳастанд, ки ба узвияти Асосисатсия шомил гарданд. Мақсади асосӣ он аст, ки – мегўяд Зинатулло Исмоилов, то кунун манфиатҳои васоити ахбори чопӣ ва масоили ҳуқуқии фаъолияти журналистии онҳо баррасӣ мешуданд, аммо ба васоити электронии ахбор таваҷҷўҳ хеле кам буд. Ҳол он ки ин васоит дар пурра намудани фазои иттилоотии кишвар бо маводи босифати журналистӣ саҳми хоссае доранд ва ягона манбаи алтернативии дастрасии мардум ба иттилоот мебошанд. Илова бар ин соли 2015 Тоҷикистон дар баробари 100 мамлакати дигари ҷаҳон ба пахши рақамӣ мегузарад ва дар ин замина дифоъи мавқеи телевизион ва радиоҳои мустақил аз аввалинтарин вазифаҳои Асосиатсияи навтаъсис мебошад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.