Ҳудуди 7 млн. еврои Олмон барои мубориза бо бемории сил дар Тоҷикистон

Бонки рушди Олмон KFW ((Kreditanstalt für Wiederaufbau) ба Тоҷикистон баҳри амалисозии марҳилаи чоруми лоиҳаи «Мубориза бо бемории сил» 6,7 млн. евро маблағ ҷудо мекунад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, чанде қабл созишномаи бурсии дахлдор дар ин хусусро вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Фаррух Ҳамралиев ва менеҷери […]


Бонки рушди Олмон KFW ((Kreditanstalt für Wiederaufbau) ба Тоҷикистон баҳри амалисозии марҳилаи чоруми лоиҳаи «Мубориза бо бемории сил» 6,7 млн. евро маблағ ҷудо мекунад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, чанде қабл созишномаи бурсии дахлдор дар ин хусусро вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Фаррух Ҳамралиев ва менеҷери лоиҳавӣ оид ба бахши тандурустии Бонки рушди олмон Олга Кефеле ба имзо расониданд.

Ба иттилои манбаъ, маблағи мазкур барои беҳбуд бахшидан ба сатҳи хизматрасонӣ дар Беморхонаи ҷумҳуриявии касалии сили «Мачитон» ва ҳамчунин иҷрои корҳои барқарор ва муҷаҳҳазсозии техникии бемористони «Деҳмой» дар вилояти Суғд равона хоҳад гардид.

Қобили зикр аст, ки Бонки рушди Олмон аз номи Вазорати федералии ҳамкорӣ ва рушди Олмон (BMZ) фаъолият мекунад. KFW дар кишварҳои дар ҳоли рушд ё иқтисоди гузариш қарордошта ба бахши сармоягузорӣ маблағ ва машваратҳо пешниҳод менамояд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.