Душанбе. 27-уми июл. «Азия-Плюс» — | Зимни нишасти хабарӣ вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Фаррух Ҳамралиев изҳор кард, ки нимаи дуюми соли равон ва аввалҳои соли оянда дар бозорҳои истеъмолии Тоҷикистон нархи орд ва маҳсулоти нонӣ ба қадри ҳол устувор боқӣ хоҳанд монд.
«Дар Тоҷикистон соли дуюм аст, ки зиёда аз 1 млн. тонна маҳсулоти ғалладонагӣ истеҳсол мешавад, – зикр кард вазир. – Тадриҷан дар дохили кишвар истеҳсоли зироати ғалладонагиро афзун хоҳем кард. Ғайр аз ин, соли равон бинобар обуҳавои мусоид дар Русияву Қазоқистон, ки таъминкунандагони маҳсулоти ғалладонагии Тоҷикистон мебошанд, ба даст овардани ҳосили хуби зироати ғалладонагӣ пешбинӣ мегардад. Масалан, дар Русия ба даст овардани беш аз 90 млн. тонна ҳосили зироати ғалладонагӣ дар назар аст, ки нисбат ба соли гузашта хеле зиёдтар аст».
Ҳамралиев хотиррасон намуд, ки соли гузашта Қазоқистону Русия маҷбур шуданд, ки содироти гандуму ордро манъ намоянд. «Аввали соли равон низ чунин ҳолат рух дод, яъне содиротро маҳдуд карданд. Аз ин рӯ, дар бозори дохилии Тоҷикистон нархи ин навъи маҳсулот боло рафт. Аллакай дар Русия манъи содирот бекор карда шуд. Онҳо ба дарёфти бозори фурӯши маҳсулоти худ манфиатдоранд, вале бозорҳои дигаре мавҷуданд, ки метавон аз онҳо чунин маҳсулотро харидорӣ намуд. Фикр мекунам, ки дар ин масъала ҳеҷ мушкилоте мавҷуд нахоҳад буд», – таъкид кард вазир.