Душанбе. 27-уми июл. «Азия-Плюс» — | Корҳои сохтмони гузаргоҳҳои зеризаминӣ дар назди бинои «Олами китоб» ва меҳмонхонаи «Пойтахт»-и шаҳри Душанбе 20-уми август ба итмом мерасанд. Дар ин бора муовини раиси пойтахт Сайвалӣ Сафаров хабар дод.
«Сохтмони гузаргоҳҳои зеризаминӣ рӯзи 10-уми июл шурӯъ шуда, анҷоми онҳо муддати 6 моҳ пешбинӣ гардида буд. Айни замон дар он ҷо дар се баст кор ташкил гардида, рӯзи 20-уми август гузаргоҳҳо мавриди истифода қарор мегиранд», – гуфт вай.
Ёдрас мекунем, ки мақомоти шаҳрдории Душанбе барои сохтмони ду гузаргоҳи зеризаминӣ дар кӯчаи Айнӣ, наздикии меҳмонхонаи «Пойтахт» ва назди «Олами китоб» беш аз 11 млн. сомонӣ (ҳудуди 2,4 млн. $) маблағ ҷудо кард. Ба сохтмони гузаргоҳҳои зеризаминӣ дар пойтахт як ширкат аз Тоҷикистону як ширкати дигар аз Чин машғуланд. Корҳои зебу ороиши гузаргоҳҳо бо тарзу усули риояи анъанаҳои миллиро устодони тоҷик ба иҷро мерасонанд.
Ба қавли Сафаров, аз 26-уми июл корҳои таъмири асосии кӯчаи Шоҳтемур дар назди меҳмонхонаи Тоҷикистон оғоз гардидаанд. «Дар як вақт ҳамчунин дар кӯчаҳои Бухоро, Дӯстии халқҳо, Соҳилӣ, Дониш, роҳи марказии протоколӣ ва кӯчаи Айнӣ то дарвозаҳои шарқии шаҳр корҳои таъмиру тармим гузаронида шуда истодаанд», – афзуд номбурда.