Кӯлобиёни пасандоздошта дар «Тоҷиксодиротбонк» соҳиби мошини сабукрав мешаванд

            Кӯлоб. 25-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Беш аз 150 нафар сокини Кӯлоб, ки дар шӯъбаи «Тоҷиксодиротбонк» пасандоз гузоштаанд, дар бозии лотереяи бонк бахшида ба Соли нав ширкат хоҳанд варзид ва ҷоизаи асосии он мошини сабукрав аст.             Тавре мудири шӯъбаи бонк Абдукарим Неъматов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, мувофиқи депозитҳои аҳолӣ дар бонк беш […]

Турко Дикаев



           

Кӯлоб. 25-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Беш аз 150 нафар сокини Кӯлоб, ки дар шӯъбаи «Тоҷиксодиротбонк» пасандоз гузоштаанд, дар бозии лотереяи бонк бахшида ба Соли нав ширкат хоҳанд варзид ва ҷоизаи асосии он мошини сабукрав аст.





           

Тавре мудири шӯъбаи бонк Абдукарим Неъматов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, мувофиқи депозитҳои аҳолӣ дар бонк беш аз 4 млн. сомонӣ маблағ гузошта шудааст ва 150 нафар, ки депозиташон на камтар аз 5000 сомонӣ аст, дар бозии лотерея иштирок мекунанд.




           

Дар ҳамин ҳол, шӯъбаи «Тоҷиксодиротбонк» дар шаҳри Кӯлоб ба хадамоти кӯмаки иҷтимоии шаҳри Кӯлоб 2500 сомонӣ маблағ ҷудо кардааст. «Маблағи мазкур баҳри дастгирии қишри аз ҳама бештар осебпазири ҷомеа – пирони танҳову барҷомонда, нафақахӯрон ва маъюбон равона мегардад», – афзуд сарчашма.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сокинони деҳае дар Суғд мегӯянд, “паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз маҳалла ғайб задаанд”

Гузориш аз макони будубоши муҳоҷирони афғонистонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пас аз боздошти як шаҳрванди Афғонистон бо иттиҳоми куштори як зан.

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.

Бо дастгирии ТИКА 10 зан дӯзандагиро омӯхтанд ва соҳиби мошини дӯзандагӣ шуданд

Ҳадафи лоиҳа ин аст, ки занон ба шахсони мустақил табдил ёфта, ба иқтисоди оилаи худ саҳм гузоранд.

Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 81

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мирсаид Миршакару Зариф Ализода ва Рустами Ваҳҳобу Ҳафиз Раҳмон ва Рӯзи байналмилалии баробарҳуқуқии маъюбон.