Шикояти навбатии Ӯзбекистон аз «Талко»

Ӯзбекистон бори навбатӣ ҷиҳати таъсири манфии фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии «Корхонаи алюминии Тоҷикистон (КВД «Талко») ба вазъи солимии аҳолӣ ва муҳити зист аз болои ин корхона ба Созмони Милали Муттаҳид шикоят бурдааст. Васоити ахбори умуми Ӯзбекистон менависанд, изҳороти сокинони вилояти Сурхондарё ба унвони Маҷмаъи кулли СММ аз ҷониби Ҳаракати экологии Ӯзбекистон рӯзи 6-уми сентябр ба […]

Пайрав Чоршанбиев


Ӯзбекистон бори навбатӣ ҷиҳати таъсири манфии фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии «Корхонаи алюминии Тоҷикистон (КВД «Талко») ба вазъи солимии аҳолӣ ва муҳити зист аз болои ин корхона ба Созмони Милали Муттаҳид шикоят бурдааст.

Васоити ахбори умуми Ӯзбекистон менависанд, изҳороти сокинони вилояти Сурхондарё ба унвони Маҷмаъи кулли СММ аз ҷониби Ҳаракати экологии Ӯзбекистон рӯзи 6-уми сентябр ба намояндагии Барномаи рушди СММ дар Ӯзбекистон супурда шудааст.

Дар изҳорот гуфта мешавад, тӯли 35 сол сокинони вилояти Сурхондарё аз оқибатҳои фоҷеабори ифлосшавии муҳити зист аз партовҳои корхонаи кишвари ҳамсоя мушкилӣ доранд, вале мақомоти раҳбарии корхона ва ҳукуматдорони Тоҷикистон ба ин ташвиши онҳо таваҷҷӯҳе зоҳир намесозанд.

«КВД «Талко» ҳудуди 22 ҳазор тонна партовҳои зарароварро ба фазо хориҷ мекунад, ки 120 тоннаи он маводи беҳад зараровари фторид аст. Миқдори зиёди ин партовҳо дар муддати 18-19 соат то фазои ноҳияҳои Сариосиё, Узун, Деҳнав, Олтинсой, Шурча ва Қумқӯрғони вилояти Сурхондарё мерасанд, ки дар ин қаламрав зиёда аз 1,1 млн. нафар аҳолӣ зиндагӣ дорад. Дар ин қаламрав таваллуди кӯдакон бо ноқисиҳои модарзодӣ ҳодисаи маъмулӣ шудааст. Сол то сол дар минтақаи мазкур бемориҳо зиёд шуда, шумори таваллудҳои пеш аз мӯҳлат бештар мегардад. Таҳқиқоти тиббии кӯдакони 6-солаи сини томактабӣ нишон дод, ки 36,5%-и онҳо аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва фикрӣ ақиб мондаанд», – омадааст дар изҳорот.

Дар ҳамин ҳол, роҳбари департаменти иттилоотӣ-таҳлилии КВД «Талко» Игор Сатторов мегӯяд, ин масъаларо метавон тавассути назардошти ҳуқуқҳои байнулмилалӣ ҳал намуд. Ба гуфтаи ӯ, «ба ин кор машғул шудани кадом як ҳаракати экологӣ зарур нест, зеро онҳо ба ин масъала ангезаи сиёсӣ медиҳанд. Барои пешниҳоди даъво заминаи собитсозии далелҳои онро мебояд дошт. Чун дар баҳс як ҷониб иштирок мекунад, пас чӣ тавр метавонад заминаи собитсозии далелҳо вуҷуд дошта бошад».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.