Даъвати раиси парлумон бобати саҳми бештар доштан дар ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирон

Имрӯз таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ баргузор шуд. Тавре аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони кишвар иттилоъ доданд, дар ҷаласа масоили ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси оила ва Қонунҳои ҶТ «Дар бораи мақоми ҳуқуқии узви Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ», «Дар бораи […]

Аваз Юлдошев


Имрӯз таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ баргузор шуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони кишвар иттилоъ доданд, дар ҷаласа масоили ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси оила ва Қонунҳои ҶТ «Дар бораи мақоми ҳуқуқии узви Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ», «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ва «Дар бораи низоми иҷозатномадиҳӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамаи масоили баррасишуда ба рӯзномаи ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми палатаи поёнии парулмони кишвар даъвати чорум, ки аввали моҳи октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, дохил карда шуданд.

Шукурҷон Зуҳуров аз вакилон даъват ба амал овард, ки дар ҳалли мушкилоти муҳоҷирони кории тоҷик, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо бештар саҳм гиранд.

Ба иттилои манбаъ, раиси палатаи поёнии парлумони кишвар масоили баргузории вохӯрии намояндагони мардумиро, ки бо сафарҳои хидматӣ ба Русия мераванд, таҳти назорати худ қарор медиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.