Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба Русия рафт

Субҳи имрӯз вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Абдураҳим Қаҳҳоров ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазоратҳои корҳои дохилии Русияву Тоҷикистон ба шаҳри Оренбурги Русия сафар кард. Тавре хабаргузории REGNUM менависад, вазири корҳои дохилии Русия Рашид Нургалиев низ субҳи имрӯз озими ин шаҳр шудааст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати корҳои дохилии кишвар […]

Аваз Юлдошев


Субҳи имрӯз вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Абдураҳим Қаҳҳоров ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазоратҳои корҳои дохилии Русияву Тоҷикистон ба шаҳри Оренбурги Русия сафар кард.

Тавре хабаргузории REGNUM менависад, вазири корҳои дохилии Русия Рашид Нургалиев низ субҳи имрӯз озими ин шаҳр шудааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар дод, дар ҷаласаи ҳайати мушовара баррасии масоили ҳамкории мутақобилаи ҷонибҳо дар бахши ҷустуҷӯ ва боздошти афроди ба ҷиноят дастзада, баргузории амалиёти муштарак ҷиҳати ҷилавгирӣ аз интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир тавассути нақлиёти роҳи оҳан ва ҳавопаймоҳо ва ҳамчунин роҳандозии назорат аз болои муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба нақша гирифта шудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, дар зарфи 11 моҳи соли равон кормандони мақомоти милисаи Русия дар ҷараёни баргузории амалиётҳои «Нелегал» (Будубоши ғайриқонунии шаҳрванд) ва «Розыск» (Ҷустуҷӯ) 44 афроди дар Тоҷикистон ҷинояти гуногун содирнамудаву мавриди пайгард қарордоштаро боздошт намуда, ба мақомоти дахлдори Тоҷикистон супурданд.

Ба иттилои манбаъ, соли равон кормандони мақомоти милисаи Тоҷикистону Русия тавассути методи «боррасонии таҳти назорат қарордошта» ду амалиёти махсуси муштарак доир намуданд, ки дар натиҷаи он дар қаламрави Русия аз муомилоти ғайриқонунӣ ҳудуди 12 кило маводи мухаддири героини афғонӣ мусодира гардид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.