spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Ташрифи як ҳайати низомии Британияи Кабир ба Тоҷикистон

Душанбе. 26-уми август. «Азия-Плюс» — Рӯзҳои 23-24 август ҳайати Британияи Кабир бо роҳбарии ёвари сардори штаби Қувваҳои мусаллаҳи Британия (амалиётҳои таъминотӣ) Витсе-Маршали Қувваҳои ҳавоӣ Граҳам Ҳовард ба Тоҷикистон ташриф овард.  Ҳайат, ки онро сафири Британия Кабир Тревор Мур ҳамроҳӣ намуд, бо сардори Штаби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал Равил Нодиров ва муовини Вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидов вохӯрӣ намуд.

Тавре аз бахши робита бо матбуоти сафоратхонаи Британияи Кабир дар Тоҷикистон хабар доданд, мақсади ташрифи ҳайат ин таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба миёни Ҳукуматҳои Британия Кабир ва Тоҷикистон дар самти низомӣ ва сиёсӣ буд.

«Ҳангоми вохӯриҳо масъалаи вогузор намудани масъулияти Британия дар Афғонистон ба дӯши қувваҳои амниятии кишвар, ҳамчунон фаъолияти қувваҳои мусаллаҳи Британия дар ин кишвар баъди соли 2015-ум, вақте ки шумораи ками қувваҳои низомӣ боқӣ мемонанд, то ки шарикони Афғони хешро омӯзонанд ва раҳнамоӣ кунанд, низ муҳокима гардид», – гуфтанд дар сафорат.

Ба иттилои манбаъ, сасъалаи вазъи минтақа ва зарурияти ҳамкории зичи Ҳукумати Британия Кабир ва Тоҷикистон баҳри кӯмак ба Афғонистон низ мавриди сӯҳбат қарор гирифт.

Зикр гардид, ки ҷонибҳо зарурияти муҳим будани раванди истиқрори сулҳи Афғонистонро барои Тоҷикистон ва саҳми қувваҳои иттилофи зидди террористиро дар ин раванд қайд намуданд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...