Дар Тоҷикистон нуқтаи хизматрасонии мошинҳои боркаши «БелАз» ифтитоҳ мегардад

            Душанбе. 22-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Аввалҳои соли оянда дар шаҳри Роғун нуқтаи хизматрасонии мошинҳои боркаши «БелАз»-и Белоруссия ифтитоҳ мегардад.             Тавре сардори хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Тоҷинисо Азизова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ҳафтаи гузашта зимни боздиди муовини аввали вазир Маҳмадшариф Ҳақдодов бо муовини аввали вазири умури хориҷии Белорус Игор […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 22-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Аввалҳои соли оянда дар шаҳри Роғун нуқтаи хизматрасонии мошинҳои боркаши «БелАз»-и Белоруссия ифтитоҳ мегардад.





           

Тавре сардори хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Тоҷинисо Азизова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ҳафтаи гузашта зимни боздиди муовини аввали вазир Маҳмадшариф Ҳақдодов бо муовини аввали вазири умури хориҷии Белорус Игор Петришенко дар бораи таъсиси сохтори хизматрасонии Иттиҳодияи истеҳсолии «БелАз» дар Тоҷикистон тавофуқ ҳосил шуд. И.Петришенко ҳамраиси комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Белорус оид ба масоили ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ мебошад.




           

Ба гуфтаи манбаъ, тайи ду соли ахир Тоҷикистон беш аз 200 адад мошинҳои навъи «БелАз»-ро харидорӣ намудааст ва соли оянда барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» харидории техникаи иловагӣ ва ҳамчунин тракторҳои корхонаи тракторбарории Минск (МТЗ) дар назар аст.




           

Ёдрас мекунем, ки айни замон дар Тоҷикистон корхонаи муштараки Тоҷикистону Эрон оид ба истеҳсоли трактор амал мекунад. Тибқи тасдиқи коршиносон, ин тракторҳо аз тракторҳои истеҳсоли Белорус ҳеҷ камӣ надошта, хароҷоти сӯзишворӣ дар онҳо нисбатан камтар аст ва гузашта аз ин, арзишашон низ пасттар аст.

 


 



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Зиёдулло Шаҳидӣ то даргузашти Саъдулло Раҳимов ва Рӯзи байналмилалии оташнишонҳо

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршиносон мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд