Ҳар як шаҳру ноҳияи кишвар барномаи мустақили рушд таҳия месозад

Вакилони палатаи поёнии парлумони кишвар тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи пешгӯйӣ, консепсия, стратегияи давлатӣ ва барномаи рушди иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул карданд. Мутобиқи тағйироту иловаи воридшуда, аз ин ба баъд ҳар як шаҳру ноҳияи кишвар барномаи мустақили рушдро таҳия месозанд. Зимни баррасии қабули тағйироту илова ба ин қонун вазири рушди иқтисод ва савдои […]

Аваз Юлдошев


Вакилони палатаи поёнии парлумони кишвар тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи пешгӯйӣ, консепсия, стратегияи давлатӣ ва барномаи рушди иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул карданд.

Мутобиқи тағйироту иловаи воридшуда, аз ин ба баъд ҳар як шаҳру ноҳияи кишвар барномаи мустақили рушдро таҳия месозанд.

Зимни баррасии қабули тағйироту илова ба ин қонун вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Фаррух Ҳамралиев изҳор кард, ки ҷиҳати омодасозии тағйироти нав ба ин қонун дар ҳукумат гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст. Аз ин рӯ, ӯ аз вакилон хоҳиш кард, ки қабули тағйироту илова ба қонуни мазкурро каме мавқуф гузоранд, то ки он дар ҳамроҳӣ бо пешниҳодоти ҳукумат баррасӣ шавад. Аммо раиси палатаи поёнии парлумони кишвар дар посух зикр кард, ки имрӯз ин тағйирот пазируфта мешаванд ва чун пешниҳодоти ҳукумат омода шуд, он низ баррасӣ хоҳад гардид.

Вакилон ҳамчунин ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Санади Женеваи Созишномаи Гаага дар бораи бақайдгирии байнулмилалии намунаҳои саноатиро маъқул шумориданд.

Ба андешаи вазири рушди иқтисод ва савдо, ҳамроҳшавӣ ба ин санад ба Тоҷикистон барои узвият ба Созмони ҷаҳонии савдо мусоидат менамояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.