Мансабдори воломақом дигар домодашро ба кор қабул намекунад

Парлумони Тоҷикистон тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза бо коррупсия»-ро маъқул шуморид. Мутобиқи ин тағйирот, аз ин ба баъд ба мансабдорони воломақомои давлатӣ ба кор гирифтани домоду келинҳои худ манъ карда мешавад. Акнун онҳо низ хешовандони наздики мансабдори воломақоми давлатӣ шуморида мешаванд. Қаблан ҳамсарон, волидайн, кӯдакон ва қудоҳои мансабдорон хешованди наздики мансабдор маҳсуб […]

Аваз Юлдошев


Парлумони Тоҷикистон тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза бо коррупсия»-ро маъқул шуморид. Мутобиқи ин тағйирот, аз ин ба баъд ба мансабдорони воломақомои давлатӣ ба кор гирифтани домоду келинҳои худ манъ карда мешавад.

Акнун онҳо низ хешовандони наздики мансабдори воломақоми давлатӣ шуморида мешаванд. Қаблан ҳамсарон, волидайн, кӯдакон ва қудоҳои мансабдорон хешованди наздики мансабдор маҳсуб меёфтанд.

Тағйироти мазкур бо ташаббуси намояндагони мардумӣ аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва муовини раиси парлумон Назира Ғаффорова ва Баракатулло Атохоҷа (собиқ раиси шаҳри Душанбе) ва ҳамчунин собиқ додситони шаҳри Қӯрғонтеппа Саодат Амиршоева мавриди баррасӣ қарор гирифта, маъқул шуморида шуданд.

Ғайр аз ин, С. Амиршоева зикр кард, ки ба Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза бо коррупсия», ки соли 2007 қабул шудааст, боз як моддаи нав илова гардид, ки он усулҳои ҳамкориҳои байнулмилалии Тоҷикистон дар бахши мубориза бо коррупсияро муайян мекунад.

Бинобар дар сафари хидматӣ будани раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҷумҳурӣ Талбак Салимов, лоиҳаи қонун «Дар бораи ташхиси экологӣ» баррасӣ нашуд.

Ҳамчунин қарор шуд, ки рӯзи 25-уми октябр дар шаҳри Душанбе намояндагони парлумон бо ҷараёни иҷрои Қонуни ҶТ «Дар бораи буҷети давлатии кишвар барои соли 2011» дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ шинос хоҳанд шуд.  

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.