Эпидемиологҳои Кӯлоб фаъолияти дармонгоҳи бемориҳои пӯстро қатъ сохтанд

            Кӯлоб. 20-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳафтаи равон Маркази давлатии назорати санитариву эпидемиологии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон фаъолияти якчанд иншооти бахши тандурустӣ ва хӯроки умумии шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Шӯроободро қатъ сохт.             Тавре сардухтури давлатии санитарии минтақа Саид Давлатов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, фаъолияти дармонгоҳи бемориҳои пӯст ва касалиҳои зӯҳравии шаҳри Кӯлоб […]

Турко Дикаев



           

Кӯлоб. 20-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳафтаи равон Маркази давлатии назорати санитариву эпидемиологии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон фаъолияти якчанд иншооти бахши тандурустӣ ва хӯроки умумии шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Шӯроободро қатъ сохт.





           

Тавре сардухтури давлатии санитарии минтақа Саид Давлатов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, фаъолияти дармонгоҳи бемориҳои пӯст ва касалиҳои зӯҳравии шаҳри Кӯлоб ва беморхонаи маҳаллии деҳаи Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод манъ карда шудааст.




           

Номбурда мегӯяд, ин ду иншоот ба талаботи санитариву эпидемиологӣ ҷавобгӯ нестанд. «Ҳарчанд роҳбарони иншоотҳо якчанд маротиба огоҳӣ гирифта бошанд ҳам, вале баҳри бартарафсозии камбудиҳо ҳеҷ чорае наандешиданд», – гуфт ӯ.




           

С.Давлатов афзуд, ки дар натиҷаи баргузории рейд дар бозори шаҳраки Шӯрообод фаъолияти як ошхона манъ карда шудааст. «Мудири ошхона ба маблағи 1200 сомонӣ ва мудири яке аз мағозаҳои ин бозор ба андозаи 600 сомонӣ аз ҷониби марказ ҷаримабандӣ хоҳанд шуд», – иброз дошт сардухтур.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршинос мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер