Раёсати Оқил Оқилов дар ҷаласаи Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви ИДМ

Санаи 18-уми октябр дар шаҳри Санкт-Петербург таҳти раёсати нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ҷаласаи 58-уми Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегардад. Тавре аз котиботи нахуствазири кишвар иттилоъ доданд, дар ҷаласаи мазкур баррасии 30 лоиҳаи аснод дар назар аст, ки ба тақвияти ҳамкориҳои мутақобилаи кишварҳои узви иттиҳод дар бахшҳои гуногун, бахусус соҳаи иқтисод нигаронида […]


Санаи 18-уми октябр дар шаҳри Санкт-Петербург таҳти раёсати нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ҷаласаи 58-уми Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегардад.

Тавре аз котиботи нахуствазири кишвар иттилоъ доданд, дар ҷаласаи мазкур баррасии 30 лоиҳаи аснод дар назар аст, ки ба тақвияти ҳамкориҳои мутақобилаи кишварҳои узви иттиҳод дар бахшҳои гуногун, бахусус соҳаи иқтисод нигаронида шудааст. Аз ҷониби Русия лоиҳаи Шартнома дар бораи минтақаи савдои озод таҳия ва барои баррасӣ пешниҳод мешавад.

Ғайр аз ин, дар ҷаласаи шӯро баррасии лоиҳаи Барноми байниҳукуматии ҳамкории иннноватсионии кишварҳои узви ИДМ дар давраи то соли 2020, лоиҳаи Консепсияи рушди стратегии нақлиёти роҳи оҳани кишварҳои узви ИДМ дар давраи то соли 2020, масъалаи Созишнома дар бораи усулҳои асосии сиёсат дар бахши танзими асъор ва назорати асъор дар кишварҳои узви иттиҳод ва Консепсияи сиёсати мувофиқашудаи иҷтимоӣ ва демографии кишварҳо ва ғайра дар назар аст.

Айни замон Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти раёсати Тоҷикистон қарор дорад. Соли 2012 ин вазифа ба дӯши Туркманистон вогузор хоҳад гардид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.