Душанбе. 19-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар Душанбе зимни мулоқоти муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндаи барномаи омӯзишии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байнулмилалӣ Сато Матсуми ҷараёни татбиқи лоиҳаи «Марҳилаи саввуми тайёр кардани мутахассисон барои Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҳадафи лоиҳаи мазкур – роҳандозии ҳамкорӣ дар соҳаи тайёр кардани мутахассисони ҷавон дар бахши хадамоти давлатӣ ва дастгирии роҳбарони ҷавон мебошад.
Дар фарҷоми мулоқот лоиҳа маъқул шуморида шуда, дастгирӣ ёфт. Ёдрас мекунем, ки намояндагони Агентии Ҷопон рӯзи 17-уми декабр ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо намояндагони Вазорати умури хориҷӣ, молия ва Вазорати рушди иқттсоду савдои ҷумҳурӣ мулоқотҳо оростанд.
Татбиқи лоиҳаи «Марҳилаи саввуми тайёр кардани мутахассисон барои Ҷумҳурии Тоҷикистон»-и Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байнулмилалӣ аввали соли 2008 оғоз шуд. Дар марҳилаи аввал ва дуввуми лоиҳа гуфтушунид ва пешниҳоди дархости вазорату идораҳои алоҳида бобати таҳсили номзадҳо дар Чопон барои соли 2009 сурат гирифт.


