Сокини ноҳияи Восеъ дар марги писараш табибро гунаҳкор медонад

Дар шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Восеъ нисбат ба мудири шӯъбаи ҷарроҳии беморхонаи марказии ноҳия Намозалӣ Соҳибов тибқи моддаи 129-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Табиб дар номатлуб иҷро кардани вазифаҳои хидматии худ гумонбар дониста мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ Маҳмадулло Асадуллоев иттилоъ дод,  аризаи шикоятии сокини ҳамин […]

Аваз Юлдошев


Дар шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Восеъ нисбат ба мудири шӯъбаи ҷарроҳии беморхонаи марказии ноҳия Намозалӣ Соҳибов тибқи моддаи 129-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Табиб дар номатлуб иҷро кардани вазифаҳои хидматии худ гумонбар дониста мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ Маҳмадулло Асадуллоев иттилоъ дод,  аризаи шикоятии сокини ҳамин ноҳия Ҳаким Миралиеви 51-сола ба боз кардани парвандаи ҷиноӣ боис шуд.

«Миралиев мегӯяд, писари 13-солаи ӯ Давлатшо, ки аз кафи пояш ҷароҳат бардошта буд, бинобар ёрии таъҷилии тиббӣ нарасонидани та биб ба ҳалокат расидааст, – гуфтанд дар Вазорати корҳои дохилӣ. – Ба гуфтаи падари Давлатшо, табиб ҳатто ба ҷойи захмхӯрда йод ҳам намолидааст».

Дар сурати исботи гуноҳи табиб, ба ӯ аз панҷ то ҳафт соли маҳрумият аз озодӣ ва манъи машғул шудан ба табобат ба муддати то панҷ сол таҳдид мекунад. Айни замон аз рӯйи ин далел корҳои тафтишотӣ ҷараён доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.