Пагоҳ дар пойтахти Тоҷикистон Конгресси XI-уми педиатрони кишварҳои Авруосиё ба кор шурӯъ мекунад. Иштирокчиёни конгресс дар мавзӯи «Мушкилоти солимӣ ва рушди кӯдакон дар марҳилаи муосир» изҳори назар мекунанд.
Чорабинии мазкур аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии педиатрия ва ҷарроҳии кӯдакон дар ҳамдастӣ бо Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, Академияи улуми тиббӣ ва Иттифоқи ҷамъиятҳои миллии педиатрон созмон дода мешавад.
Дар конгресс масоили истифодаи тарзҳои нави ташхис ва табобати кӯдакону наврасон, методҳои пешгирӣ дар педиатрия ва ҳамчунин мушкилоту дастовардҳои бахши педиатрия дар кишварҳои минтақаи Авруосиё мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Ба кори конгресси мазкур 200 нафар мутахассисони муваффақи ин соҳа аз Русия, Украина, Белорус, Афғонистон, Туркия, Озарбойҷон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва кишварҳои дигар даъват шудаанд.
Бино ба маълумоти созмондиҳандагони чорабинӣ, баргузории конгресс аз ҷониби созмонҳо ва ширкатҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Институти «Ҷомеаи кушод» – Фонди мусоидат дар Тоҷикистон маблағгузорӣ шудааст.