Иштироки кормандони АНМН дар семинари омӯзишӣ дар Чин

Чанде аз кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар семинарии омӯзишӣ дар Чин иштирок мекунанд. Тавре аз хадамоти матбуоти агентии мазкур иттилоъ доданд, бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои зиддимухаддиротӣ миёни Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо даъвати ҷониби Хитой, 15 нафар кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар семинари «Мубориза […]

ASIA-Plus


Чанде аз кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар семинарии омӯзишӣ дар Чин иштирок мекунанд.

Тавре аз хадамоти матбуоти агентии мазкур иттилоъ доданд, бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои зиддимухаддиротӣ миёни Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо даъвати ҷониби Хитой, 15 нафар кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар семинари «Мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир», ки аз 30-юми октябр то 13-уми ноябри соли 2011 дар шаҳри Урумчӣ баргузор мешавад, иштирок мекунанд.

Бино ба иттилои манбаъ, курси мазкур аз ҷониби Вазорати бехатарии ҷамъиятии ҶХХ ва Департаменти амнияти ҷамъиятии ноҳияи мухтори Синсзян-Уйғури ҶХХ гузаронида мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.